Мир Мафтун маҳаллихони маъруфи Афғонистон унвони устодӣ гирифт

Мир Мафтун, яке аз маҳаллихонҳои варзидаи Афғонистон, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёде дорад, унвони расмии устодиро дар Афғонистон ба даст овард. Бино ба хабари расонаҳои Афғонистон ,лақаби устодӣ ба Мир Мафтун аз сӯйи Вазорати фарҳангу иттилоот дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи ҳунармандони бурунмарзии Афғонистон эҳдо шудааст. Бино ба навиштаи торнамои Вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон, ин унвон […]

Asia-Plus

Мир Мафтун, яке аз маҳаллихонҳои варзидаи Афғонистон, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёде дорад, унвони расмии устодиро дар Афғонистон ба даст овард. Бино ба хабари расонаҳои Афғонистон ,лақаби устодӣ ба Мир Мафтун аз сӯйи Вазорати фарҳангу иттилоот дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи ҳунармандони бурунмарзии Афғонистон эҳдо шудааст.

Бино ба навиштаи торнамои Вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон, ин унвон ба Мир Мафтун, ҳунарманди пуровозаи Бадахшон дар як ҳамоиши хос аз сӯйи сарпарасти Вазорати фарҳанг Муҳаммад Тоҳир Заҳир тақдим шудааст.

Мир Мафтун, ки номи аслияш Меҳрӣ аст, дар вулусволии Ишкошими вилояти Бадахшони Афғонистон зода шудааст.  Ба гуфтаи худи Мир Мафтун, ӯ аз 8-солагияш овозхонӣ мекунад ва пас аз хидмати сарбозӣ барои таҳсил дар риштаи низомӣ ба Қирғизистон рафтааст ва муддате афсарӣ ҳам кардааст. Баъди пирӯзии ҳукумати муҷоҳидин дар Афғонистон кори афсариро канор гузошта, ба овозхонӣ пардохтааст.

Мир Мафтун таронаву сурудҳои фолклорӣ ва маҳалии Бадахшонро мехонад, ки бо ин оҳангҳо ҳаводорони зиёде дар Афғонистон ва Тоҷикистон дорад. Зимни яке аз сафарҳояш ба Душанбе, дар як суҳбат бо нашрияи “Тоҷикистон” гуфта буд, ки ниёгонаш аз Кӯлоби Тоҷикистон ба Бадахшони Афғонистон рафтаанд ва худро аз хешовандони ҳунарманди зиндаёди тоҷик Одина Ҳошим номида буд.

Ӯ борҳо ба Тоҷикистон ба ҷашнвораҳои гуногун даъват шудаву барномаҳои консертӣ иҷро кардааст. Дар яке аз барномаҳои пурбинандаи телевизиони “Тулуъ”-и Афғонистон “Ситораи афғон” ӯ бо ишора ба як ҷомаи тоҷикии сари китфаш гуфт, ки “ин ҳадяи раисҷумҳури Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон аст”. Мир Мафтун борҳо дар ҷашнвораи “Фалак” ва маросимҳои Наврӯзи Тоҷикистон ширкат кардааст.

Ин овозхон соли 2001 ба хотири маҳоратҳояш дар мусиқӣ ва ба унвони як воситаи фарҳангӣ барои мусиқии мардуми шимоли Афғонистон барандаи ҷоизаи байналмилалии “Шоҳзода Клоус” (Prince Claus)-и Ҳоланд шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.