Вазорати тандурустӣ: беморони COVID-19-ро занг мезанем

Кормандони Вазорати тандурустӣ ҳамарӯза ба бемороне, ки бо нишонаҳои бемории коронавирус дар хона ба табобат машғуланд, тамос мегиранд. То аз шаффофияти фаъолияти табибони оилавӣ огаҳӣ дошта бошанд. Дар ин бора сардори маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ Эмомалӣ Мирзоев ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод ва гуфт, “мақсад аз тамос бо маризон ин аст, ки оё табибони оилавӣ ба […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кормандони Вазорати тандурустӣ ҳамарӯза ба бемороне, ки бо нишонаҳои бемории коронавирус дар хона ба табобат машғуланд, тамос мегиранд. То аз шаффофияти фаъолияти табибони оилавӣ огаҳӣ дошта бошанд. Дар ин бора сардори маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ Эмомалӣ Мирзоев ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод ва гуфт, “мақсад аз тамос бо маризон ин аст, ки оё табибони оилавӣ ба аёдати ин беморон ба манзили онҳо мераванд ё на?”.

Сухангӯи Вазорати тандурустӣ инчунин илова кард, ки дар як шабонарӯз (соати 6-и бегоҳ, 12-и шаб ва 8-и субҳ) се марҳила ҷаласаи ситод гузаронида мешавад, ки дар он тамоми роҳбарони муассисаҳои тиббӣ муваззаф шудаанд, ки аҳолии минтақае, ки ба онҳо вобаста шудааст, бояд хона ба хонаи онҳо бигарданд.

“Дар ҷараёни хонагардӣ бархе сокинон бо нишонаҳои коронавирус  ба  қайд гирифта мешаванд, ки бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, бо доруворӣ таъмин мегарданд. Ин беморон то шифо ётан зери назорати табибони оилавӣ қарор мегиранд. Ва  табибон ҳамарӯза аз ҳоли онҳо бохабар шуда, бо онҳо бояд дар тамос бошанд. Агар бубинанд, ки нишонаҳои беморӣ вазнин аст ва бемор ба дастгоҳҳои нафасдиҳӣ ниёз дорад, ҳатман дар беморхона бистарӣ мекунанд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Эмомалӣ Мирзоев ҳамзамон афзуд, ки дар вақти гардишҳои хона ба хона, чанд нафар бо нишонаҳои коронавирус агар ба қайд гирифта шаванд, ба Вазорати тандурустӣ тамоми маълумоти онҳо (суроға, рақами тел, вазъи беморӣ) пешниҳод мегардад. Ва намояндагони Вазорати тандурустӣ ҷараёни табобати ин беморонро назорат мекунад.

“Гарчанде табибони оилавӣ аз ҳоли беморон хабар гиранд, мо кормандони вазорат боз ҳам барои дақиқ ва боварӣ ҳосил намудан, ки оё аз дармонгоҳ ба аёдати онҳо омада, аз ҳолашон пурсон шудаанд ва бо дору таъмин ҳастанд ё на, тамос мегирем. Агар бемор ягон изҳори норозигӣ кунад, намояндагони аз Вазорати тундурустӣ аз пайи ҳалли масъала мешаванд”,  – илова кард Мирзоев.

Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин гуфт, ки талошҳои пайвастаи Вазорати тандурустӣ барои он аст, ки нафарони беморро дарёфт кунанд ва аз ҳолашон то шифо ёфтан бохабар бошанд. “Чун бархе сокинон бо тасби баланд ё дигар нишонаҳои беморӣ ба духутур муроҷиат накарда, дар  кӯча сайру гашт мекунанд, ки мабодо гирифтори бемории коронавирус бошад, метавонад чанд нафари дигарро сироят кунад”.

Ёдрас мешавем, ки вазири тандурустӣ рӯзи 4 август дар суҳбат бо роҳбарони шуъбаҳои тандурустии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии кишвар, инчунин сардухтурони беморхонаҳои пешрафтаи ҷумҳурӣ дастур дод, ки назоратро аз болои сироятёфтагони коронавирус, ки дар хона табобат мегиранд, тақвият диҳанд ва инчунин ба табибони кишвар супориш дод, ки гардишҳои хона ба хонаро барои муайян кардани ҳолатҳои нави ин беморӣ дар байни аҳолӣ ва пешгирии сирояти коронавирус дар ҷомеа зиёд кунанд. Ҳамзамон масъулони вазорат мегӯянд Ҷамолиддин Абдуллозода дар баробари табибон худ низ мустақиман ба беморон тамос мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.