Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои тирамоҳу зимистон

Моҳҳои тирамоҳ барои кишвари мо ҳавои ноустувор доранд. Рӯзҳои борониву шамолҳои гоҳ сахту гоҳ тунд ва дамои ҳаво низ гоҳ гарм асту гоҳ сард. Аммо аз сардиҳо дигар ҷойи гурез ҳам нест. Тирамоҳ батадриҷ нафаси сарди зимистонро наздик мекунад. Ва дар ин моҳҳо ҳар гуна рӯйдодҳои табиӣ ҳам  эҳтимол доранд, аз қабили резиши санг дар […]

Asia-Plus

Моҳҳои тирамоҳ барои кишвари мо ҳавои ноустувор доранд. Рӯзҳои борониву шамолҳои гоҳ сахту гоҳ тунд ва дамои ҳаво низ гоҳ гарм асту гоҳ сард. Аммо аз сардиҳо дигар ҷойи гурез ҳам нест. Тирамоҳ батадриҷ нафаси сарди зимистонро наздик мекунад.

Ва дар ин моҳҳо ҳар гуна рӯйдодҳои табиӣ ҳам  эҳтимол доранд, аз қабили резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ, мушкили ҳаракати мошинҳо ва илова ба ин ҳодисаҳое ҳам, ки худи одамон сабабгори он мешаванд, ба мисли сӯхтор дар хонаҳо ва ғайра.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба диққати сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, то 1-уми октябри соли ҷорӣ ҳаво дар кишвар ноустувор боқӣ мемонад, поён рафтани дамо, боронҳои сусту сахт дар ноҳияҳои ҷудогона ва ғайра. Дамои миёнаи ҳаво дар водиҳо аз 6 то 8 дараҷа коҳиш меёбад.

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши табиӣ ва техногенӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон як қатор тавсияҳоро пешниҳод менамояд:

– дар рӯзҳои боронӣ, ба қадри имкон, аз сафар ба ҷойҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои шифобахш, шикор, моҳидорӣ худдорӣ кунед;

– аз аҳолии муқими деҳот, наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ хоҳиш мешавад, ки дар ин фасли сол ба ҳолати роҳҳои селфаро, ҷӯйборҳо ва каналҳо диққат диҳанд. Ба соҳибони хонаҳои хусусии якошёна тавсия дода мешавад, ки баргҳо ва хасу хошокҳои ҷамъомадаро саривақт тоза кунанд, то аз бориши зиёд боми хонаҳояшон осеб набинад, деворҳо аз намии зиёд фурӯ нараванд;

– кӯшиш кунед, ки кӯдаконро беназорат нагузоред. Агар шумо онҳоро ба мактаб ё ба сайругашти танҳо фиристед, пешакӣ аз хатари резиши санг аз кӯҳу теппаҳо, омадани сел огоҳ кунед, дар ин бора ҳамроҳашон зиёд суҳбат кунед, то дар ёдашон бимонад. Ҷони худ ва наздикони худро дар хатар нагузоред!

– бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, алахусус ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо КҲФ аз ронандагоне, ки мошинҳои сияҳшиша доранд, даъват мекунад, ки аз сафарҳои шабона худдорӣ кунанд. Тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунед, алахусус ба суръати ҳаракат диққат диҳед;

– бо фарорасии фасли сармо ва сардтар шудани дамои ҳаво хатҳои интиқоли барқ бори сангини интиқол мекашанд.  Ин ҳамон ҳолатест, ки дар як хона якбора чанд асбоби барқӣ ба кор андохта мешавад. Бояд ҳар кас коршоямии асбобҳои барқиро дар хонаи худ бисанҷад, аз назар гузаронад ва агар нуқсе дид, ҳатман ислоҳаш кунад.  Дар ёд дошта бошед, ки асбобҳои барқии худсохт  қобили қабул нестанд, онҳо ҳамеша хатарноканд;

– дар хона ҳаргиз асбобҳои барқиро беназорат нагузоред, бахусус печҳои барқӣ набояд дар ҳолати дар хона набудани шумо кор кунанд. Вақти хоб ҳатман кулли асбобҳои барқиро хомӯш кунед, ин барои шумо бехатартар аст.

– касоне, ки дар оғӯши табиат мехоҳанд иститроҳат кунанд, бояд боду ҳаворо дар назар гиранд, ҳамчунин рӯзҳои кутоҳи тирамоҳро низ дар мадди назар дошта бошанд. Ин қабл аз ҳама ба дӯстдорони моҳидорӣ дахл дорад. Дар шамолҳои сарду сахт ва ҳавои торик ба соҳили обанбору дарёву баҳрҳо наравед. Волидон ва пайвандонатонро  дар бораи маҳалли истироҳат ё моҳишикор пешакӣ огоҳ намоед. Талош кунед телефони мобилиатон бо ду симкорт ва қувваи барқ таъмин бошад, ки дар мавриди зарурӣ занг зада тавонед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисае шудед, бо телефонҳои: 112;  223 13 11;  221 91 19  ва ё 93 880 28 19  ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг занед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.