Вазорати мудофиа: гирифторони коронавирусро ба хидмат намебарем, аммо…

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, даъватшавандагонеро, ки гирифтори бемории коронавирус ҳастанд ба хидмат намебарад. Аммо ин ниҳод мегӯяд, ки агар даъватшаванда бемориро пештар пуштаи сар гузошта бошад, аз хидмат озод нест. Ориф Назаров, як масъули дафтари матбуоти Вазорати мудофиа ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “агар комиссияи тиббӣ муайян кунад, ки даъватшаванда гирифтори коронавирус аст, он даъватшаванда ба […]

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, даъватшавандагонеро, ки гирифтори бемории коронавирус ҳастанд ба хидмат намебарад. Аммо ин ниҳод мегӯяд, ки агар даъватшаванда бемориро пештар пуштаи сар гузошта бошад, аз хидмат озод нест.

Ориф Назаров, як масъули дафтари матбуоти Вазорати мудофиа ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “агар комиссияи тиббӣ муайян кунад, ки даъватшаванда гирифтори коронавирус аст, он даъватшаванда ба хидмат бурда намешавад. Аммо агар даъватшаванда бемориро пештар гузаронида бошаду вақти даъват сиҳат шуда бошад, аз хидмат озод нест”.

Ба гуфтаи ин масъули маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, то кунун дар миёни сарбозон ҳеч касе гирифтори бемории коронавируси COVID-19 нашудааст.

Даъвати тирамоҳии навсарбозон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар Тоҷикистон аз 1-уми октябр оғоз мешавад. Дар Тоҷикистон масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафҳои неруҳои мусаллаҳи кишвар яке аз мушкилотест, ки солҳо давом дорад ва ҳамасола бо ҷалби иҷборӣ ё ба истилоҳ “облава” ҳамроҳ аст.

Ҳарчанд ҳамасола дастур мешавад, ки ҳангоми даъвати навсарбозон аз “облава” кор гирифта нашавад, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо лаҳзаҳои гуногуни иҷборӣ ба сафи неруҳои мусаллаҳ бурдани ҷавонон нашр мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.