Маҳбусони фирорӣ аз зиндони Доғистон дастгир шуданд

Шаш нафар маҳбусоне, ки аз зиндони низомаш шадиди Доғистон, гурехта буданд, дастгир шуданд, хабар медиҳад РИА Новости. “Ҳамаи 6 ҷинояткори хавфноки қаблан мавриди ҷустуҷӯ қарордошта… аз ҷониби кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ боздошт шуданд”, – иттилоъ додаанд дар ВКД Доғистон. Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маҳбусони фирорӣ дар ҳудуди ноҳияи Улан-хол дар Қалмиқистон дастгир шудаанд. Бино […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Шаш нафар маҳбусоне, ки аз зиндони низомаш шадиди Доғистон, гурехта буданд, дастгир шуданд, хабар медиҳад РИА Новости.

“Ҳамаи 6 ҷинояткори хавфноки қаблан мавриди ҷустуҷӯ қарордошта… аз ҷониби кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ боздошт шуданд”, – иттилоъ додаанд дар ВКД Доғистон. Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маҳбусони фирорӣ дар ҳудуди ноҳияи Улан-хол дар Қалмиқистон дастгир шудаанд.

Бино ба маълумоти Telegram-шабакаи Life Shot, маҳбусони фирорӣ рӯзи 28 сентябр дар мавзеи 300 километр дуртар аз зиндон аз худ дарак додаанд.

“Дар истгоҳи Артезиан (ҳудуди 20 км аз соҳили баҳри Каспий) онҳо ба яке аз хонаҳо даромада, аз сокини маҳаллӣ хӯрокворӣ гирифтаанд. Дуртар аз ин хона пойафзоли яке аз маҳбусон дарёфт шуда, дар зиндон тасдиқ кардаанд, ки ин пойафзол маҳз ба маҳбуси ҳамин муассиса тааллуқ дорад”, – қайд мекунад Telegram-шабака.

Гуфта мешавад, ба сурати умум маҳбусон наздики 340 километр масофаро тай кардаанд. Сокинони маҳаллӣ 6 мардро мебинанд, ки бо либоси рангаш хокистариву сабз қад-қади роҳи оҳан равонаанд. Онҳо ба мақомоти пулис занг зада, онҳо маҳбусонро дастгир мекунанд.

Қобили зикр аст, кирӯзи 23 сентябр Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Доғистон дар ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноӣ, муайян кард, ки хеши яке аз маҳкумшудагоне, ки аз маҳбас гурехтаанд, ба онҳо дар фирор ёрӣ расонидааст. Нисбат ба ин мард бо  моддаи 33, қисми 2 ва моддаи 313 КҶ ФР (кӯмак ба гурехтан аз маҳбас) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Ёдрас мешавем, ки шаби 23 сентябр 6 нафар маҳбусон ба воситаи нақби кандаашон аз зиндони шаҳраки Шамхал воқеъ дар канори Махачқалъаи Доғистон фирор карданд. Миёни фирориён ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд, иттилоъ дода буд хабаргузории ТАСС.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.