Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ чиҳоро мебояд донист?

Дар Тоҷикистон маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ҷараён дорад. Он 1 октябр оғоз гардида, то 15 октябр идома меёбад. Фарқи асосии ин маърака аз маъракаҳои пешин дар он ифода меёбад, ки дар он имсол аз се усул — Интернет-пурсиш, пурсиш бо истифода аз планшет ва усули анъанавӣ (коғазӣ) истифода мешавад. Яъне зимни гаштан хона […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ҷараён дорад. Он 1 октябр оғоз гардида, то 15 октябр идома меёбад.

Фарқи асосии ин маърака аз маъракаҳои пешин дар он ифода меёбад, ки дар он имсол аз се усул — Интернет-пурсиш, пурсиш бо истифода аз планшет ва усули анъанавӣ (коғазӣ) истифода мешавад.

Яъне зимни гаштан хона ба хона барӯйхатгирандагон дар баробари истифодаи шакли коғазӣ, планшетҳоро бо таъминоти махсуси барномавӣ низ истифода хоҳанд кард. Ҳамчунин гирифтани маълумоти зарурӣ тариқи интернет дар назар аст.

Барӯйхатгирии аҳолӣ чист?

Барӯйхатгирӣ ҷамъоварии оммавии маълумот дар бораи сокинони кишвар аст. Барои ин шахсони махсус – барӯйхатгирандагон аз ҳамаи хонаҳо дар кишвар боздид мекунанд. Дар маъракаи ҳозира инчунин дар сомонаи http://www.aholi.tj ё қитъаҳои барӯйхатгирӣ метавон ба саволҳои пурсишнома (анкета) ҷавоб дод.

Масоили омодагӣ, баргузорӣ ва натиҷагирӣ аз маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон мутобиқи Қонуни ҶТ дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ танзим мешаванд.

Барӯйхатгирӣ барои чӣ ба давлат зарур аст?

Ҳадаф аз баргузории маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ дарёфти маълумот дар бораи аҳолии Тоҷикистон мебошад, ки барои таҳияи пешгуйиҳо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ зарур аст.

Илова бар ин, барӯйхатгирӣ ҷиҳати ҳисоби ҷорӣ ва пешгӯйии шумор ва ҳайати аҳолӣ, омӯзиш, ҷойгиркунӣ ва истифодаи зхаираҳои меҳнатӣ ва анҷом додани таҳқиқоти илмӣ низ лозим мебошад.

Ба ман шахсан барои чӣ даркор аст

Ҳар нафаре аз шаҳрвандон, ки дар барӯйхатгирӣ иштирок мекунад, дар бораи худ маълумот медиҳад, яъне дар таҳияи барномаҳои иҷтимоии гурӯҳи шахсоне, ки худро ба он мансуб медонад, иштирок мекунад.

Масалан, ҷавобҳои бекорон ба саволҳои пусишнома ба омӯзиши бозори меҳнат ва муҳайё кардани ҷойҳои корӣ маҳз дар макони зарурӣ имкон медиҳанд. Маълумот дар бораи шумори кӯдакони синнусоли мактабӣ ба таҳияи нақшаҳои сохтмони мактабҳои нав, маълумот доир ба синнусол дар пешбинӣ кардани шумори нафақахӯрон баҳри ташкили буҷети Фонди нафақа кумак мекунанд.

Маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ ҷиҳати таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ, ки ба дастгирии оилаҳо, тарҳрезии сохтмони дармонгоҳу кӯдакистон ва дар маҷмӯъ муайян кардани ҳаҷми сохтмони манзил равона шудаанд, имкон медиҳанд.

Давраи баргузории маъракаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ

Маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ на камтар аз як бор дар даҳ сол гузаронида мешавад. Муҳлати баргузории маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ на дертар аз 5 сол то оғози он аз ҷониби президенти кишвар муайян карда мешавад.

Маъракаи охирини барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон соли 2010 баргузор шуда буд.

Мақомоти давлатии ваколатдори барӯйхатгирии аҳолӣ

Дар омодагӣ, баргузорӣ, коркард ва натиҷагирӣ аз барӯйхатгирии аҳолӣ ва нашри маълумот дар бораи он Агентии омори назди президенти Тоҷикистон ва сохторҳои минтақавии он, инчунин дигар мақомоти давлатии ҳокимият, ки аз ҷониби ҳукумат муайян карда мешаванд, масъул мебошанд.

Саволҳои пурсишнома (анкета)

Варақаи барӯйхатгирӣ чунин маълумотҳо дар бораи шахсро дар бар мегирад:

– ҷинс;

– синнусол;

– сана ва ҷойи таваллуд;

– миллат;

– мансубияти динӣ;

– забони модарӣ;

– донистани дигар забонҳо;

– шаҳрвандӣ;

– вазъи оилавӣ;

– шумори фарзандон;

– маълумот;

– ҷойи зист;

– фаъолнокӣ дар муҳоҷират;

– шароити зист;

– сарчашмаҳои таъмини рӯзгору зиндагӣ;

– шуғл ва сабабҳои бекорӣ.

Бо қарори ҳукумат ба варақаи барӯйхатгирии аҳолӣ иловагӣ саволҳои дигар низ ворид шуда метавонанд.

Барӯйхатгирандагон ному насабро пурсида, лекин онро ба пурсишнома ворид намекунанд: маълумоти шахсиро мефаҳманд, то ки як нафарро ду бор напурсанд.

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пурсидашавандагон

Пурсидашавандагон ба талаби пешниҳоди шаҳодатномаи дахлдор аз барӯйхатгирандагон ҳуқуқ дошта, дар сурати рад шудани ин дархост, метавонанд ба саволҳои варақаи барӯйхатгирӣ ҷавоб надиҳанд.

Барӯйхатгирии аҳолӣ ҳатмӣ буда, пурсидашавандагон посух доданро ба саволҳои пуорсишнома рад карда наметавонанд.

Натиҷагирӣ аз барӯйхатгирии аҳолӣ

Натиҷагирӣ аз маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ бо тартиб ва дар муҳлатҳои аз ҷониби ҳукумат муқарраршуда сурат мегирад.

Натиҷаҳои маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ба ҳар нафар дастрас буда, сарфи назар аз шакли моликият, бояд дар ВАО ройгон нашр шаванд.

Маблағгузории барӯйхатгирии аҳолӣ

Маблағгузории хароҷоти марбут ба омодагӣ, баргузорӣ, натиҷагирӣ ва нашри натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, инчунин дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории ҶТ манъ накардааст, амалӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.