Корманди фурудгоҳи Душанбе худро паронд. Барои дер додани маош

Шерафган Хоҷақулов, корманди бахши амнияти Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе нимаи дувуми имрӯз бо истифода аз силоҳи хидматияш даст ба худкушӣ задааст, хабар медиҳад як манбаъи "Азия-Плюс" дар фурудгоҳ.  Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рух додани ин ҳодисаро ба "Азия-Плюс" таъйид кард, вале гуфт онҳо ҷузъиёти ҳодисаро дар ихтиёр надоранд.  "Ба мо дар бораи ин […]

Шерафган Хоҷақулов, корманди бахши амнияти Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе нимаи дувуми имрӯз бо истифода аз силоҳи хидматияш даст ба худкушӣ задааст, хабар медиҳад як манбаъи "Азия-Плюс" дар фурудгоҳ. 

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рух додани ин ҳодисаро ба "Азия-Плюс" таъйид кард, вале гуфт онҳо ҷузъиёти ҳодисаро дар ихтиёр надоранд. 

"Ба мо дар бораи ин ҳодиса як соат пеш хабар доданд. Он чӣ маълум аст, ин аст, ки Шерафган Хоҷақулови 38-сола, корманди бахши амнияти фурӯдгоҳ даст ба худкушӣ задааст. Ҷузъиётро мо дар ихтиёр надорем. Таҳқиқи ин гуна ҳаводис ба дӯши додситонӣ аст",-гуфтанд аз дафтари матбуоти ВКД. 

Дар ҳамин ҳол, Ҷамшед Давлатов, тағои Шерафган Хоҷақулов, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, "хоҳарзодааш 9 моҳ боз маош нагирифта буд ва соати 13 ба бародараш паёмак фиристодааст, ки “омада, мурдаи маро аз фурудгоҳ баред”.

Наздикони Шерафган гуфтаанд, ӯ дар манзили иҷора мезист, се фарзанд дошт ва аз пули иҷора низ қарздор буд. 

Умед Хоҷақулов, бародари марҳум низ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки "Шерафган аз ҳақи истифодаи манзили иҷора 14 ҳазор сомонӣ қарздор буд ва соҳибхона талаб кардааст, ки хонаро холӣ кунад".

Умед гуфтааст, ки бародараш баъд аз хизмати ҳарбӣ дар Бахши бехатарии Фурудгоҳ кор мекард, вале бо исрори батакрори ӯ роҳбарияти фурудгоҳ маошашро моҳҳо надодааст.

Масъулини Фурудгоҳи Душанбе то кунун дар мавриди ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.

Бародари Шерафган гуфтааст, ҷасадро ба ӯ нишон доданд ва ӯ "осори тирро дар дили бародараш мушоҳида кардааст". Гуфта мешавад ҷасади Шерафган Хоҷақулов дар бемористони Ёрии таъҷилии Душанбе аст ва баъди ташхис ба наздиконаш дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.