Гигиенаи рақамӣ. Маслиҳатҳо оид ба истифодаи дурусти интернет

Чӣ гуна истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро танзим кунем, то онҳо муфид бошанду сари моро бо иттилои нолозим пур накунанд? Мо имрӯз тасмим гирифтем доир ба гигиенаи рақамӣ маслиҳатҳо диҳем. Пеш аз ҳама дар хотир доред, ки агар мо худамон рафтори худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери назорат нагирем, зеҳни сунъӣ ва алгоритмҳои бофтаи дигарон инро […]

"Се нуқта"

Чӣ гуна истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро танзим кунем, то онҳо муфид бошанду сари моро бо иттилои нолозим пур накунанд? Мо имрӯз тасмим гирифтем доир ба гигиенаи рақамӣ маслиҳатҳо диҳем.

Пеш аз ҳама дар хотир доред, ки агар мо худамон рафтори худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери назорат нагирем, зеҳни сунъӣ ва алгоритмҳои бофтаи дигарон инро ба ҷойи мо анҷом медиҳанд ва мо вобастаи онҳо мешавем.

– Агар шумо намедонед, ки барои чӣ аз шабакаҳо иҷтимоӣ истифода мебаред, пас ба асорати пурраи алгоритмҳо меафтед.

– Созандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангоми сохтани онҳо ба бозиҳои азартӣ такя кардаанд, яъне шумо зуд вобаста мешавед.

– Ҳатто 10 дақиқа хондани саҳифаи тайёрнамудаи алгоритмҳои Facebook ба паст шудани табъи корбарон сабаб мешавад.

– Огоҳ бошед: корбарон моиланд дастовардҳои худро бештар ва ҳаёти худро рангинтар тасвир кунанд. Бо дидани онҳо шумо рӯҳафтода нашавед!

– Бераҳмона саҳифаву гурӯҳҳои бефоидаю нолозимро пок кунед.

– Корбарони беандешаи шабакаҳои иҷтимоӣ зарарасонҳои асосӣ ва дузди вақти шумо мебошанд. Онҳоро ҳазф кунед. Бигзор хӯроки мехӯрдаашон ва либоси наву дастовардҳояшонро ба бобою бибияшон нишон диҳанд. Ба шумо онҳо чӣ лозим?

– Дӯстии корбаронро бисёр эҳтиёткорона қабул кунед, кӯшиш кунед танҳо ба онҳое обуна шавед, ки аз шумо қадаме пешрафтатаранд ва метавонед аз онҳо чизе омӯзед.

– Эҳтиёткорона “писандед” (Like гузоред). Донед, ки он фақат як тугма нест, балки дар асоси писандидани шумо алгоритмя маводҳои монандро ба шумо пешниҳод мекунанд.

– Одат кардаед фақат сарлавҳа хонед? Кӯшиш кунед мақолаю матнҳоро пурра хонед!

– Баъд истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ қадар вақт сарф караданатон ва чизҳои дар хотиратон мондаро дар ҷое сабт кунед. Баъдан онҳоро омӯзед ва хулоса кунед, ки шумо бо хоҳиши худ инқадар вақтатонро сарф кардед ё он вақтро аз шумо “дуздиданд”?

Ба дӯстонаон фиристед, то онҳо низ аз гигиенаи рақамӣ огоҳ шаванд.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.