Роҳи арзони аз Русия ба Тоҷикистон омадан кадом аст

Билетҳои хеле гарон ба парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҳамватанони моро водор мекунанд, ки роҳҳои дигари бозгашт ба ватанро ҷустуҷӯ кунанд. Дар ин мавод ба саволҳое дар ин маврид, ки шаҳрвандон бештар аз он мепурсанд, посух медиҳем. Билетҳои ҳавопаймоӣ ба Тоҷикистон хеле қиматанд. Чӣ гуна бо дигар роҳҳо метавон ба ватан баргашт? Ба Тоҷикистон […]

Билетҳои хеле гарон ба парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҳамватанони моро водор мекунанд, ки роҳҳои дигари бозгашт ба ватанро ҷустуҷӯ кунанд. Дар ин мавод ба саволҳое дар ин маврид, ки шаҳрвандон бештар аз он мепурсанд, посух медиҳем.

Билетҳои ҳавопаймоӣ ба Тоҷикистон хеле қиматанд. Чӣ гуна бо дигар роҳҳо метавон ба ватан баргашт?

Ба Тоҷикистон метавон тариқи кишварҳои ҳамсоя баргашт. Масалан, тариқи Ӯзбекистон ва Қирғизистон.

Бино ба маълумоти як манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумати кишвар, шаҳрвандони Тоҷикистон бо риояи меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ тариқи роҳи ҳавоӣ то Ӯзбекистону Қирғизистон омада, сипас бо роҳи заминӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда метавонанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, ки аллакай тариқи Ӯзбекистон ба ватан баргаштанд, дар ин сафар онҳо аз 11 то 30 ҳазор рубл харҷ кардаанд.

Ман шаҳрванди Тоҷикистон, метавонам тариқи Қирғизистон ба ватан баргардам?

Метавонед. Қирғизистон ҳанӯз аз 4 декабри соли 2020 вуруди шаҳрвандони ҳамаи кишварҳоро ба қаламраваш иҷоза дод.

Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба Қирғизистон меоянд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи сироят надоштан аз коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат (3 шабонарӯз) то сафар дода шудааст.

Аллакай якчанд нафар ҳамватанони мо тариқи ин кишвар аз Русия ба ватан баргаштанд.

Нархи билет ба парвозҳои мунтазам аз Русия ба Қирғизистон чанд пул аст?

Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, ки тариқи Қирғзистон баргаштаанд, нархи билет ба парвозҳои мунтазам байни Русия ва Қирғизистон аз 13 ҳазор рубл оғоз мегардад.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Қирғизистон қариб ҳамарӯза байни кишварҳо парвозҳои мунтазам анҷом медиҳанд.

Барои тариқи Қирғизистон ба ватан баргаштан чӣ гуна ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Ҳуҷҷатҳои маъмулӣ. Шиносномаи хориҷӣ ва маълумотнома дар бораи натиҷаи сироят надоштан аз коронавирус, ки на дертар аз 72 соат (3 шабонарӯз) то сафар дода шудааст.

Дар Қирғизистон маро ба карантин фиристода метавонанд?

Не. Агар дар бораи сироят надоштан аз коронавирус маълумотнома (справка) дошта бошед, шуморо ба карантин намегиранд. Дар сурати ба охир расидани муҳлати амали маълумотнома (72 соат) бо сабабҳои объективии марбут ба парвози тӯлонӣ ё ба таъхир афтодани парвоз, шумо ба гузаштан аз тест дар нуқтаи таъинот уҳдадор мешавед.

Аз Қирғизистон чӣ гуна ба Тоҷикистон омадан мумкин аст?

Аз Қирғизистон то сарҳади Тоҷикистон шумо бо таксӣ рафта метавонед, ки дар фурудгоҳ онҳоро пайдо кардан имкон дорад.

Аз Қирғизистон ба Тоҷикистон хатсайрҳои ташкилшуда мавҷуданд ё автомашинаҳои хусусӣ киро кардан зарур аст?

Хатсайрҳои автомобилии мушаххас роҳандозишуда нестанд. Ҳангоми аз фурудгоҳ берун шудан, таксиронҳо то ба сарҳади Тоҷикистон расониданро ба шумо пешниҳод мекунанд.

Аз ҳамаи шаҳрҳо метавон то сарҳади Тоҷикистон рафт?

Бале, аз ҳамаи шаҳрҳо, лекин дар хотир дошта бошед, ки барои вуруд ба Тоҷикистон шумо бояд ҳатман аз постгоҳи сарҳадӣ гузаред.

Агар тариқи постгоҳи сарҳадӣ нагузаред, нисбати шумо барои убури ғайриқонунии марз парвнадаи ҷиноятӣ боз карда метавонанд.

Харҷи ин тарзи сафар чанд пул мешавад?

Ба гуфтаи яке аз ҳамсуҳбатони мо, билети хатсайри Екатеринбург-Ошро ӯ ба 19 ҳазор рубл харида, ба таксӣ аз Ош то Исфара боз 1 ҳазор рубли дигар додааст.

Дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон маро боздошт накарда, ба гузаштан иҷоза медиҳанд?

Агар ҳамаи ҳуҷҷатҳои шумо дуруст бошаду дар бораи сироят надоштан аз коронавирус маълумотномаи зарурӣ дошта бошед, шуморо набояд боздошт кунанд.

Дар Тоҷикистон ман бояд аз карантин гузарам?

Не. Маълумотнома дар бораи сироят надоштан аз коронавирус кофист.

Боз чӣ гуна роҳҳои бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон мавҷуданд?

Дигар роҳҳо ҳам ҳастанд, масалан тариқи Дубай ё Туркия, лекин харҷи он бароятон зиёдтару гаронтар меафтад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.