Субҳонзода: “Сомон Эйр” билетҳои чартериро аз Русия тақрибан 30% арзон кард

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” арзиши билетҳоро ба парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан 30% арзон кард, хабар дод директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ имрӯз, 15 феврал зимни нишасти матбуотӣ. “Мо аз “Сомон Эйр” дархост намудем, ки тарифҳоро бозбинӣ кунад, то ки нархи билетҳо поин бурда шаванд, – қайд кард ӯ. –  Раҳбарияти “Сомон Эйр” […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” арзиши билетҳоро ба парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан 30% арзон кард, хабар дод директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ имрӯз, 15 феврал зимни нишасти матбуотӣ.

“Мо аз “Сомон Эйр” дархост намудем, ки тарифҳоро бозбинӣ кунад, то ки нархи билетҳо поин бурда шаванд, – қайд кард ӯ. –  Раҳбарияти “Сомон Эйр” тарифҳоро бозбинӣ намуда, сар аз моҳи декабри соли гузашта ширкат арзиши билетҳоро аз 39-40 ҳазор рубл то ба 26-27 ҳазор рубл, яъне тақрибан ба андозаи 30% кам кард”.

Ба гуфтаи ӯ, онҳо ҳамчунин аз ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ низ дархост намудаанд, ки оид ба коҳиши арзиши билетҳо ба парвозҳо аз Тоҷикистон тадбирҳо андешанд.

“Масалан, «Turkish Airlines» моҳи феврал арзиши билетҳоро ба хатсайри Душанбе-Истанул ба андозаи 25-35% поин бурд”, – қайд кард номбурда.

Қаблан бисёре аз мусофирон аз билетҳои гарон ба парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон шикоят мекарданд: онҳо маҷбур буданд, ки роҳҳои дигари бозгашт ба ватанро ҷӯянд, масалан тариқи Қирғизистону Ӯзбекистон.

Ёдрас мекунем, ки аз 25 июни соли 2020 Тоҷикитсон ба баргардонидани шаҳрвандони худ ба ватан тариқи парвозҳои чартерӣ оғоз кард.

Субҳонзода хабар дод, ки соли 2020 ширкатҳои ҳавопаймоии ватании “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” тариқи хатсайрҳои мунтазам ва чартерӣ ба самтҳои байнулмилалӣ ба 300 ҳазор нафар мусофирон хизматрасонӣ кардаанд. Нишондиҳандаи ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар ин самт – 356,1 ҳазор нафар мусофиронро дар бар мегирад.

Дар бораи барқарор шудани хатсайрҳо

Ба гуфтаи Субҳонзода, гуфтушунидҳо дар мавриди барқарор шудани парвозҳои мунтазам ба Русия ва Чин идома доранд.

“Чанде пеш дар Русия оид ба барқарор намудани парвозҳои мунтазам гуфтушунид доштем. Тоҷикистон ба барқарор кардани парвозҳои мунтазама аз 1 июн омода аст. Ин масъала ба вазъи эпидемиологӣ вобаста мебошад. Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар ҷумҳурӣ дигар ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирусу фавт аз он ба қайд гирифта намешавад. Ҷониби Русия ин масъаларо меомӯзад ва ҳалли масъала ба онҳо вобаста аст”, – иброз дошт вай.

Русия парвозҳои мунтазамро бо Қазоқистону Қирғизистон барқарор карда, ба наздикӣ бо Озарбойҷону Арманистон низ барқарор мекунад.

“Умедворем, ки бо Тоҷикистон низ ин масъала мусбат ҳал мешавад. Ҳудуди 70% парвозҳо аз Тоҷикистон ба самти Русия анҷом дода мешаванд”, – таъкид дошт ӯ.

Қаблан зикр гардида буд, ки як гурӯҳ мутахассисони Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ, аз ҷумла вазъи марбут ба COVID-19 ба Тоҷикистон меоянд. Шояд пас аз ин дар масъалаи ифтитоҳи парвозҳои мунтазам пешрафте ба вуҷуд ояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.