Коршиносони сохтаи ВАО кистанд?

Мо одат кардаем ба маълумоте, ки таҳти бренди нашрияи калон ба чоп мерасад, бо эътибори қавӣ ва бо эътимоди зиёд муносибат кунем. Баробари хондани хабару маводи чунин нашрияҳо, мо ғоибона бовар мекунем, ки онҳо чанд марҳилаи тафтишотиро гузаштаанд ва асоси воқеъӣ доранд. Вале ин на ҳама вақт чуни наст. Ҳоло 3 ҳолати пурсарусадои ошкор шудани […]

"Се нуқта"

Мо одат кардаем ба маълумоте, ки таҳти бренди нашрияи калон ба чоп мерасад, бо эътибори қавӣ ва бо эътимоди зиёд муносибат кунем. Баробари хондани хабару маводи чунин нашрияҳо, мо ғоибона бовар мекунем, ки онҳо чанд марҳилаи тафтишотиро гузаштаанд ва асоси воқеъӣ доранд.

Вале ин на ҳама вақт чуни наст. Ҳоло 3 ҳолати пурсарусадои ошкор шудани дуруғи рӯзноманигору муалифонеро мисол меорем, ик солҳо каҳрамони мақолаҳои худро хаёлбофӣ мекарданд ё ба мутахассисони қалбакӣ (фейкӣ) муроҷиат мекарданд.

1. Қаҳрамононони қалбакӣ

Охирҳои соли 2018 рӯзномаи олмонии “Der Spiegel” муалифи доимии худ Клаас Релотиусро (Claas Relotius) бо сабаби навиштани мақолаҳои зиёди сохта аз кор пеш кард. Маълум шуд, ки рӯзноманигори машҳур, дорандаи ҷоизаҳои бисёр гузоришҳоро дар асоси мусоҳибаҳои набуда навишта, далелҳо, ҳикояҳо ва ҳатто қаҳрамонҳоро аз худаш мебофт. Ин қазияро тақаллуби эҳтимолии аср дар расонаҳо номиданд, аммо пас аз ин ҳодиса чунин ифшогариҳо бештар пайдо шуданд. Ҳамин ки ин нашрия қаллобии кормандашро ошкор кард, “Der Spiegel” дар бораи чӣ гуна дурӯғи муаллифро ифшо кардан мақолаи васеъро бо номи "Мо ба худ саволҳои зиёд дорем» ба чоп расонд.

2. Коршиносони қалбакӣ

Миёнаҳои моҳи октябр телеграм-канали «Белорусский порядок» рӯзноманигори беларус Денис Лавникевичро, ки бо тахаллусҳои гуногун дар баъзе аз расонаҳои Беларус, Россия ва Украина мақола нашр мекард, ба он муттаҳам кард, ки гӯё дар мақолаҳои худ ақидаи коршиносони бофтаро истифода кардааст. Пас аз ин қисми бештари нашрияҳо, ки бо Лавникевич ҳамкорӣ доштанд ба таҳқиқ ва поксозии маводҳои навиштаи муаллиф шурӯъ карданд. Лавникевич ба нашрияи беларусии «Наша Нива» тавзеҳ дод, ки коршиносони ӯ воқеӣ ҳастанд, танҳо "Антон Платов" бо тахаллус шарҳ медиҳад, зеро ӯ "шахси донишмандест, ки дар мақомоти давлатӣ кор мекунад". Ва "сиёсатшинос" -и дигар Светлана Гречулина шахси воқеие буд, ки замоне аз ҳуқуқи кӯдакон дифоъ мекард ва сипас бознишаста шуда, ба Лавникевич иҷозат дод, ки номашро истифода кунад. Дар ин сурат Лавникевич шарҳҳои "сиёсатшинос" – ро аз номи ӯ ихтироъ кардааст.

3. Ҳикояҳои қалбакӣ

Аввалҳои октябри соли 2020 рӯзноманигори The New York Times оид ба масъалаи экстремизм Рукмини Каллимаки (Rukmini Callimachi) зери танқиди шадид қарор гирифт вақте саргузашти яке аз қаҳрамонҳои маколаяшро зери шубҳа гузоштанд. Каллимакиро хабарнигори шинохтаи рӯйдодҳо ва инъикоскунандаи натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ меноманд. Яке аз лоиҳаҳои овозадори ӯ подкаст иборат аз 10 қисм буд, ки дар он сокини Канада Абу Хузаифа дар хусуси шомилшавиаш ба гурӯҳҳи террористӣ, иқомат дар Сурия, омӯзиши қатли одамон ва баргашташ суҳбат мекунад. Каллимаки қаҳрамонашро тариқи Инстаграм пайдо кард, вале пас аз ду сол мақомоти Канада Абу Хузаифаро бо ҷурми «фиребгариҳои террористӣ» дастгир кард. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки Абу Хузаифа боре ҳам ба Сурия сафар накардааст ва дар қатли одамон низ даст надорад ва таҷрибаи ӯ дар ин масъала танҳо тахайюлӣ асту бас.

Маводи “The Guardian” дар бораи Класс Релотиус:

https://bit.ly/2TLCd9t 

Маводи “Медуза” дар бораи Денис Лавникевич:

https://bit.ly/3mPIkpQ 

Маводи “New Republic” дар бораи Рукмини Каллимаки:

https://bit.ly/34TrXSE 

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.