Ҳалокати падару писар бар асари садамаи нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Ду нафар – ронандаи мошини бензинкаш ва падари ӯ дар натиҷаи садамаи нақлиёт дар километри 64-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. “Ронандаи 29-солаи автомобили бензинкаш, сокини ноҳияи Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба нишебии умқаш 30 метр сарозер шудааст ва ронандаву мусофири он […]

Ду нафар – ронандаи мошини бензинкаш ва падари ӯ дар натиҷаи садамаи нақлиёт дар километри 64-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

“Ронандаи 29-солаи автомобили бензинкаш, сокини ноҳияи Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба нишебии умқаш 30 метр сарозер шудааст ва ронандаву мусофири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, – омадааст дар маълумоти Кумита.

Гуфта мешавад, сокинони маҳал ҷасади падару писарро аз нишебӣ бароварда, ба бемористони ноҳиявии Варзоб интиқол додаанд ва аз он ҷо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

КҲФ бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки бар асари гармшавии ҳаво ва боришот дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари фаромадани тарма ва сангреза вуҷуд дорад.

Ба ин тариқ, шабонарӯзи гузашта дар қитъаҳои гуногуни роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим 16 ҳолати фаромадани тарма ба қайд гирифта шуда, дар қаламрави деҳаи Риҷист дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ санргеза ба як манзил қисман зарар расонидааст. Айни замон роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим баста буда, корҳои тозакунии он идома доранд.

Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки аз ҷамъоварии ҳезум, молчаронӣ дар чарогоҳҳо, сафару сайругашт дар мавзеъҳои хатарнок, ки дар онҳо эҳтимолияти фаромадани тарма вуҷуд дорад, худдорӣ кунанд.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар аз вазъи роҳҳо огаҳӣ ёфта, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои минтақаи кӯҳистон ё қитъаҳои хатарноки роҳ масофаи ҳаракат байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.