Русия баҳри кумак ба хонандагони осебпазири Тоҷикистон 1 млн доллар ҷудо кард

Бо дастгирии молиявии Федератсияи Россия, Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) ба оилаҳои хонандагони осебпазири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлони Тоҷикистон расонидани кумакро оғоз намуд. Кумаки маводи ғизоӣ аз орди гандуми ғаникардашуда ва равғани растанӣ иборат мебошад. Мувофиқи нақша то охири моҳи ҷорӣ волидайни ниёзманди хонандагони синфҳои аз 1 то 4-и вилояти Суғд, Вилояти Мухтори […]

Иттилоияи расмӣ

Бо дастгирии молиявии Федератсияи Россия, Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) ба оилаҳои хонандагони осебпазири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлони Тоҷикистон расонидани кумакро оғоз намуд. Кумаки маводи ғизоӣ аз орди гандуми ғаникардашуда ва равғани растанӣ иборат мебошад.

Мувофиқи нақша то охири моҳи ҷорӣ волидайни ниёзманди хонандагони синфҳои аз 1 то 4-и вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (ВМКБ), инчунин шаҳри Роғун ва ноҳияҳои водии Рашт низ аз чунин кумакҳои ғизоӣ баҳраманд хоҳанд шуд.

Аз ҷониби Федератсияи Россия ба таври иловагӣ 1 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардид ва он ба БОҶ имкон фароҳам овард то маводи ғизоиро ба афроди эҳтиёҷдошта дастрас намояд. Бо ин маблағ 1,200 тонна орди ғаникардашудаи гандум ва 50 тонна равғани растанӣ харидорӣ карда шуд. Мувофиқи таҳлили мутахассисон ин миқдор маводи ғизоии ниёзи аввал эҳтиёҷи якмоҳаи тақрибан 22,000 хонаводаро дар кишвар қонеъ хоҳад намуд.

«Солҳои зиёд аст, ки Россия дар ташкили системаи самарабахши ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон кумаки хешро мерасонад. Бо назардошти пандемияи коронавирус, барои мо расонидани кумаки иловагии мақсаднок ба мактаббачагон ва оилаҳои онҳо, ки ба он бештар ниёз доранд, муҳим буд. Мо бовар дорем, ки ин на танҳо ғизонокии онҳоро ғанитар мекунад, балки ба ноилшавии натиҷаҳои беҳтари таълимии онҳо мусоидат хоҳад кард», – гуфт сафири Федератсия Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семенович Лякин-Фролов.

Ин кумаки ғизоӣ бахше аз Барномаи ғизои мактабии БОҶ боқӣ мемонад, ки дар он зиёда аз 600,000 хонандаи синфҳои аз 1 то 4 дар 2,000 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 52 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон фаро гирифта шудаанд. Мактаббачагон бо дастгирии БОҶ ва Федератсияи Россия мунтазам бо хӯроки солим ва ғизонок таъмин карда шуданд.

«Мо аз Федератсияи Россия барои саҳмгузорӣ дар Барномаи ғизои мактабии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) миннатдорем. COVID-19 ба ғизо ва амнияти ғизо дар хонаводаҳо, алахусус дар байни аҳолии осебпазир, таъсири худро гузошт. Ин саҳми иловагӣ саривақтӣ аст, ки ин ба мо имкон фароҳам меорад, то кумаки озуқавориро дар давраи авҷи мушкилиҳо, ки ноамнии озуқавории хонаводаҳо аз сабаби баланд будани нархи маводи хӯрокворӣ ва имкониятҳои маҳдуди даромад ба дараҷаи баландтарин расидааст, расонем», – гуфт муовини директор ва иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марико Кавабата.

Соли 2020 Федератсияи Россия ба БОҶ 5 миллион доллари амрикоӣ ҷудо кард, то 3,000 тонна орди гандуми витаминдор ва беш аз 300 тонна равғани растанӣ барои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон харидорӣ карда шавад. Дар доираи андешидани чораҳои ҷавобӣ ба COVID-19, БОҶ ба 24,000 оилаи осебпазир, ки фарзандонашон аз Барномаи ғизои мактабии БОҶ баҳра мебаранд, бо бастаҳои яквақтаи маводи озуқаворӣ таъмин намуд.

Илова ба таъмини ғизо, Барномаи ғизои мактабӣ инчунин таъмиру тармими техникии системаи ғизои мактабии Тоҷикистон, аз ҷумла таҷдид ва сохтмони ошхонаҳои мактабӣ, нонпазхонаҳо ва гармхонаҳоро дастгирӣ мекунад, ки аз соли 2012 инҷониб Федератсияи Россия барои дар ин самт беш аз 28 миллион доллар ҷудо кардааст.

Федератсияи Россия яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи ҳамкориҳо ба сокинони Тоҷикистон кумаки башардӯстона мерасонад. Аз соли 2005 инҷониб, қобили зикр аст, ки Ҳукумати Федератсияи Россия барои бо маводи озуқаворӣ таъмин намудани аҳолии осебпазири кишвари мо 83,5 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст.

Аз соли 1999 инҷониб Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар самти такмили системаи миллии ғизои мактабӣ ҳамкорӣ менамояд. Ин аз иҷрои ӯҳдадориҳои қавии БОҶ дар самти беҳтар кардани ҳаёти аҳолии кишвар шаҳодат медиҳад. Таъмини мактаббачагон бо хӯрокҳои солим на танҳо ғизо ва саломатиро беҳтар мекунад, балки дастрасиро ба таҳсил низ беҳтар менамояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.