Хатлон: оғози 112 парвандаи ҷиноятӣ нисбати мансабдорони ғайриқонунӣ қитъаи замин ҷудокарда

Соли 2020 дар вилояти Хатлон нисбат ба мансабдорон ва хизматчиёни давлатие, ки ғайриқонунӣ қитъаҳои замин ҷудо кардаанд, 112 парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Нисбатан пурсарусадо аз онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода ва муовини раиси ноҳияи Ёвон Аксар Набизода маҳсуб меёбанд. Бино ба маълумоти прокуратураи вилояти Хатлон, соли гузашта 272 қарори […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Соли 2020 дар вилояти Хатлон нисбат ба мансабдорон ва хизматчиёни давлатие, ки ғайриқонунӣ қитъаҳои замин ҷудо кардаанд, 112 парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Нисбатан пурсарусадо аз онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода ва муовини раиси ноҳияи Ёвон Аксар Набизода маҳсуб меёбанд.

Бино ба маълумоти прокуратураи вилояти Хатлон, соли гузашта 272 қарори раисони шаҳру навоҳии вилоят бекор карда шудааст, ки 46%-и онҳо аз ҷониби раисони шаҳру навоҳӣ ба имзо расида, 85%-ашон ба масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин вобастаанд.

Аз ҷумла раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷабборӣ Ғаффор зимни нишасти хабарӣ эътироф намуд, ки дар вилоят аз ҳама зиёдтар қарорҳои раиси ин ноҳия бекор шудааст.

“Бале, медонам, ки дар вилоят мо якумем. Соли 2020 бар асоси эътирозҳои прокуратура 69 қарори раиси ноҳия бекор шуд. Аз ин шумор 15% аризаҳо оид ба бекор кардани қарорҳо аз ҷониби ман ба имзо расид. Дар умум инҳо қарорҳои давраи солҳои 2015-2020 мебошанд”, – гуфт Ҷабборӣ Ғаффор.

Дар ҳамин ҳол, раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсуфов зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки давоми як соли кораш дар вазифаи раиси ноҳия ягон қарор дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин имзо накардааст.

“Ба қарорҳои худ масъул будан лозим аст, аз ин рӯ, ман имзо накардам ва ба ягон қарори марбут ба ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил имзо намекунам. Мо барои сохтмон қитъаи замин надорем. То аз ҷониби ҳукумат ҷудо нагардидани замин барои фонди манзил, ман ҳуқуқ надорам, ки мустақилона қитъаи замин ҷудо кунам”, – изҳор дошт раиси ноҳия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.