Президент дар Ворух Пойгоҳи махсуси зиддитеррористии Кумитаи амниятро ба истифода дод

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар доираи сафараш дар деҳоти Ворухи Исфара ба фаъолияти Пойгоҳи Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи корҳои дохилӣ оғоз бахшид.  Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, Пойгоҳи Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, воқеъ дар деҳоти […]

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар доираи сафараш дар деҳоти Ворухи Исфара ба фаъолияти Пойгоҳи Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи корҳои дохилӣ оғоз бахшид. 

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, Пойгоҳи Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, воқеъ дар деҳоти Ворух аз се ошёнаи дорои қисми навбатдорӣ, утоқҳои кории муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраҳои зист, иборат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншоот кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона бар нафъи халқу Ватан ва саҳмгузории бештар дар пойдории сулҳу субот даъват кардааст,-мегӯяд манбаъ.

Дар  Ворухи  Исфара Эмомалӣ Раҳмон бинои шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ифтитоҳ кард. 

Гуфта мешавад ин бино аз таҳхона ва се ошëна иборат буда, дорои утоқҳои корӣ, хобгоҳ барои 200 нафар, утоқи тиббӣ, толори маҷлис ва китобхона мебошад.

Дар ин рӯз ҳамчунин раисҷумҳур дар Ворух хатти оби нӯшокӣ барои бошандагони маҳаллаҳои “Тоҷикон” ва “Сангтӯда”-ро низ ба баҳрабардорӣ супурданд. Инчуни Эмомалӣ Раҳмон мактаби нави таҳсилоти миëнаи умумии рақами 74, қасри фарҳанг, маркази хизматрасонии “Наврӯз”-ро низ ба истифода дод. 

Ҳамчунин раисҷумҳур дар Ворух аз бунёди боғи интенсивӣ дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ворух  ва намоиши маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ дидан кард.

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Ворух ва Ифтитоҳи Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии “Ширин” дар ин ҷамоати шаҳри Исфара аз ҷумлаи  маконҳои дигаре буд, ки Эмомалӣ раҳмон ба ифтиода дод.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".