Имзои Ёддошти ҳамкорӣ байни Хуҷанду Қӯқанд

Дар доираи сафари расмии ҳайати вилояти Суғд ба Фарғона байни шаҳрҳои Хуҷанди вилояти Суғд ва Қӯқанди вилояти Фарғона Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд. Ёддошти ҳамкорӣ зимни қабули расмӣ дар қасри “Ӯрда”-и шаҳри Қӯқанд аз ҷониби раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруф Усмонов имзо шуд. […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари расмии ҳайати вилояти Суғд ба Фарғона байни шаҳрҳои Хуҷанди вилояти Суғд ва Қӯқанди вилояти Фарғона Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Ёддошти ҳамкорӣ зимни қабули расмӣ дар қасри “Ӯрда”-и шаҳри Қӯқанд аз ҷониби раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруф Усмонов имзо шуд.

Имзои санад ба роҳандозии ҳамкорӣ миёни ду шаҳри таърихии вилоятҳои Суғду Фарғона замина мегузорад, гуфта мешавад дар хабар.

Акнун мувофиқи санад, ду шаҳри таърихӣ ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ тақвият бахшида, инчунин ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои фарҳангу варзиш, сайёҳиву тандурустӣ ва маорифу илм рушд меёбанд.

Ёдрас мекунем, ки охири ҳафтаи гузашта ҳайати расмии вилояти Суғд таҳти сарварии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати иштирок дар бизнес-форуми "Интегратсияи минтақаҳои наздисарҳадӣ кафолати рушд аст" ба шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии  Ӯзбекистон сафар кард.

Дар анҷоми форум миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғд ва Фарғона – шаҳри Конибодом  ва ноҳияи Бешариқ, шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бувайда, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Данғара,  шаҳри Исфара ва ноҳияи Ӯзбекистон, шаҳри Бӯстон ва ноҳияи  Учкӯприк меморандуми ҳамкорӣ имзо гардид.

Моҳи май аз сафари ҷавобии ҳайати Ӯзбекистон ба вилояти Суғди Тоҷикистон интизорӣ меравад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.