Вазири мудофиаи Русия ба Душанбе омад

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу рӯзи душанбе бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Имрӯз, 27 апрел ӯ дар кори Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок мекунад. Дар ин ҷаласа танҳо вазири мудофиаи Арманистон ҳузур надошта, Ереван намояндаи Қувваҳои мусаллаҳи кишварашро ба пойтахти Тоҷикистон фиристод, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ […]

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу рӯзи душанбе бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Имрӯз, 27 апрел ӯ дар кори Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок мекунад.

Дар ин ҷаласа танҳо вазири мудофиаи Арманистон ҳузур надошта, Ереван намояндаи Қувваҳои мусаллаҳи кишварашро ба пойтахти Тоҷикистон фиристод, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишвраҳои узви САДД дар Кохи афсарони пойтахт доир гардида, дар он масоили таъмини амнияти низомӣ, муқовимат ба таҳдиду чолишҳо ва тадбирҳои рафъи онҳо баррасӣ мешавад.

Инчунин доир ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси СААД табодули назар сурат мегирад.

Ғайр аз ин, дар Душанбе баргузории вохӯрии дуҷонибаи Сергей Шойгу бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба нақша гирифта шудааст.

Вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД-ро ҳамчнуин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.