Эмомалӣ Раҳмон котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД-ро ба ҳузур пазируфт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо – иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)-ро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба мубориза бар зидди дигар хатарҳо, аз ҷумла хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, бӯҳрони шадиди ҷаҳонии иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявӣ, таъсири […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо – иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)-ро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба мубориза бар зидди дигар хатарҳо, аз ҷумла хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, бӯҳрони шадиди ҷаҳонии иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявӣ, таъсири онҳо ба амният ва иқтисодиёти кишварҳо, бехатарии биологӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, дар робита ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир ва таъсири онҳо ба амнияти давлатҳои аъзои СААД, афзоиши ташаннуҷи байналмилалӣ вобаста ба рақобати геополитикӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи амну суботи кишварҳо, Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи Созмон, ки ҷониби Тоҷикистон соли равон раёсати онро ба ӯҳда дорад, ишора кард.

Дар охир Президенти мамлакат ба кори ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД комёбӣ орзу карда, изҳори умед намуд, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш барои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта, пурсамар хоҳад буд.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз, 29 апрел дар Душанбе таҳти раёсати котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СААД доир мегардад.

Дар кори ҷаласа котибони Шӯроҳои амнияти Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".