Бозигари нақши Тарзан ҳамроҳ бо ҳамсараш дар суқути ҳавопаймо ҷон дод

Ҷо Лара, бозигари нақши Тарзан ҳамроҳ бо ҳамсар ва аъзои дигари хонаводааш дар як садамаи ҳавопаймо ба ҳалокат расид. Ҳунарманди 58-солаи амрикоӣ аз ҷумлаи ҳафт нафаре мебошад, ки гуфта мешавад рӯзи шанбе дар суқути як ҳавопаймо дар кӯле дар наздикии  шаҳри Смирнаи Иёлоти Теннеси Амрико кушта шуд. Дар ин бора СНН бо истинод ба манбаъи худаш […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Ҷо Лара, бозигари нақши Тарзан ҳамроҳ бо ҳамсар ва аъзои дигари хонаводааш дар як садамаи ҳавопаймо ба ҳалокат расид.

Ҳунарманди 58-солаи амрикоӣ аз ҷумлаи ҳафт нафаре мебошад, ки гуфта мешавад рӯзи шанбе дар суқути як ҳавопаймо дар кӯле дар наздикии  шаҳри Смирнаи Иёлоти Теннеси Амрико кушта шуд. Дар ин бора СНН бо истинод ба манбаъи худаш хабар медиҳад.

Дар ҳавопаймо Гвен Шамблин Лара, ҳамсари ӯ, ки асосгузори калисои насронӣ аст, низ будааст. Наҷотбахшон мегӯянд, ки пораҳои ҳавопаймо  ва боқимондаҳои одамонро дар маҳалли суқут пайдо кардаанд.

Наҷотбахшон дар масофаи тақрибан ним мил аз маҳалли суқут "чанд пораи ҳавопаймо ва инчунин боқимондаҳои инсон" -ро пайдо кардаанд.

Ба гуфтаи масъулон, Cessna C-501, ки дар он ҳафт нафар сафар мекарданд, тахминан пас аз парвоз аз фурудгоҳи Смирна дар роҳи Палмубич Флорида соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ суқут кард.

Ин ҳавопаймои хурд тақрибан 20 км дар ҷануби Нашвилл дар кӯли Перси Прист суқут кард. Ғайр аз Ҷо Лара ва ҳамсари ӯ, Брэндон Ҳанна, домоди Лара ва ду ҷуфти дигар дар ҳавопаймо будаанд.

Пас аз бозидани нақши Тарзан дар филми телевизионии "Тарзан дар Манҳеттан" дар соли 1989, Лара ҳамон нақшро дар сериалҳои баъдӣ бозидааст.

Вай соли 2002 аз кори ҳунарпешагӣ рафт ва дар карйераи мусиқӣ кор кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.