Боз таркиши “заправка”. Ин бор дар ноҳияи Балхӣ

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ нимаи дуюми рӯзи 31 май дар Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и воқеъ дар ҳудуди деҳаи Ёш Ленини ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон таркиш ба амал омад. Дар маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сабаби рух додани таркиш риоя нашудани техникаи бехатарӣ унвон шудааст. Гуфта мешавад, мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи таркиш касе осеб […]

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ нимаи дуюми рӯзи 31 май дар Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и воқеъ дар ҳудуди деҳаи Ёш Ленини ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон таркиш ба амал омад.

Дар маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сабаби рух додани таркиш риоя нашудани техникаи бехатарӣ унвон шудааст.

Гуфта мешавад, мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи таркиш касе осеб надидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки сабабҳои таркишро мақомоти дахлдор тафтиш мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи май дар яке аз НФС-и шаҳри Душанбе сӯхтор сар зада, баъдан ба таркиш боис гардид, ки дар натиҷа 29 нафар осеб дида, баъди як ҳафта яке аз осебдидагон – Алексей Рязантсеви 21-сола дар бемористон фавтид.

Баъди ин ҳодиса Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон ба санҷиши қоидаҳои нигаҳдории маводи сӯхту молиданӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар саросари ҷумҳурӣ оғоз намуд.

ВКД Тоҷикистон нисбат ба соҳиби нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар Душанбе, ки рӯзи 1 май дар он сӯхтору таркиш ба амал омад, мутобиқи моддаи 192, қ.2 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.