Мунтахаби футболи Тоҷикистон ба куҷо меравад: қаҳрамонии ҷаҳон ё Осиё?

Мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи 15 июн бозии охирини худро дар даври дуюми марҳилаи интихобии Чепионати ҷаҳон-2022 бо тими Мянма мегузаронад. Тақдири минбаъдаи мунтахаби кишвари мо, яъне дар кадом мусобиқаи марҳилаи сеюм иштирок кардан ба натиҷаи ин вохӯрӣ ва ҳамчунин бозиҳо дар дигар гурӯҳҳо вобаста аст. Ин метавонад интихоб ба Чемпионати ҷаҳон ё Осиё бошад. Қобили […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи 15 июн бозии охирини худро дар даври дуюми марҳилаи интихобии Чепионати ҷаҳон-2022 бо тими Мянма мегузаронад. Тақдири минбаъдаи мунтахаби кишвари мо, яъне дар кадом мусобиқаи марҳилаи сеюм иштирок кардан ба натиҷаи ин вохӯрӣ ва ҳамчунин бозиҳо дар дигар гурӯҳҳо вобаста аст. Ин метавонад интихоб ба Чемпионати ҷаҳон ё Осиё бошад. Қобили зикр аст, ки дар ҳеҷ кадоме аз ин мусобиқаҳо Тоҷикистон то ҳол ягон маротиба бозӣ накардааст.

Ҷопон ба Тоҷикистон раҳм накард

Рӯзи 7 июн мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Осака аз мизбонон – тими Ҷопон бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд. Тоҷикистон ягона дастае шуд, ки ба дарвозаи пешсафи гурӯҳ гол зад. Муаллифи гол нимҳимоятгари тими “Навбаҳор”-и Намангони Ӯзбекистон Эҳсони Панҷшанбе аст.

Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 3 июн ба Осака омад. Ҳайати Тоҷикистон аз 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар иборат аст:

Дарвозабонон: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳар ду – «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), Ахтам Назаров, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷӯрабоев (ҳама – «Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА, ЦСКА);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Ислом Зоиров (ҳар ду – «Истиқлол»), Илхомҷон Баротов («Истаравшан»), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Хусрав Тоиров («Динамо», Душанбе), Алиҷони Айнӣ (ҳоо узви ягон даста нест);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия), Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳар ду – «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Ӯзбекистон).

Бозии аввали рӯз байни тимҳои Қирғизистону Муғулистон ғайричашмдошт – 1:6 ба фоидаи муғулҳо анҷом ёфта, ин барои мунтахаби футболи Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба марҳилаи минбаъда имкони хуб фароҳам овард.

Мавқеъ дар гурӯҳ айни замон чунин аст:

Япония – 21 имтиёз аз 6 бозӣ: дар ҳама гуна ҳолат зинаи 1-умро мегирад;

Тоҷикистон – 10 имтиёз аз 7 бозӣ;

Қирғизистон – 7 имтиёз аз 7 бозӣ;

Мянма – 6 имтиёз аз 7 бозӣ;

Муғулистон – 6 имтиёз аз 8 бозӣ.

Усули интихоб ба Чемпионати Осиё

Бозиҳои даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар минтақаи Конфедератсияи футболи Осиё 5 сентябри соли 2019 оғоз гардиданд. Ин мусобиқа бояд 9 июни соли 2020 ба итмом мерасид, лекин бо сабаби пандемияи коронавирус мавқуф гузошта шуд.

Дар ин марҳила дар 8 гурӯҳ 5-дастаӣ мусобиқаи дудавраӣ мегузаронанд, ки ҳамзамон марҳилаи интихоб ба мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 аст.

Ғолибони гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарин аз тимҳои зинаи дуюмро ишғолнамуда мустақиман ба даври финалии Ҷоми Осиё ва ҳамчунин ба марҳилаи сеюми мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон роҳ меёбанд.

Дигар дастаҳои боқимонда аз мусобиқаи интихобӣ ба Чемпионати ҷаҳон хориҷ шуда, лекин муборизаро барои роҳ ёфтан ба даври финалии мусобиқаи Ҷоми Осиё идома медиҳанд. Мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё соли 2023 дар Чин баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.