Имрӯз дар Самарқанд мактаберо, ки Тоҷикистон бунёд кардааст ба баҳрабардорӣ месупоранд

Аз ҳисоби маблағгузории Тоҷикистон дар шаҳраки Мерганчаи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ӯзбекистон мактаби таҳсилоти умумӣ сохта шуд. Имрӯз он мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар маросими ифтитоҳи мактаб вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва вазири маорифи Ӯзбекистон Шерзод Шерматов иштирок мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Дар мактаби нав 640 […]

Asia-Plus

Аз ҳисоби маблағгузории Тоҷикистон дар шаҳраки Мерганчаи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ӯзбекистон мактаби таҳсилоти умумӣ сохта шуд. Имрӯз он мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дар маросими ифтитоҳи мактаб вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва вазири маорифи Ӯзбекистон Шерзод Шерматов иштирок мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Дар мактаби нав 640 нафар толибилмон дар як баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ин муассиса бар асоси қарордоди сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар моҳи марти соли 2018 сохта шуд.

Ба ғайр мактаб дар Самарқанд, Тоҷикистон дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон як кӯдакистон низ месозад.

Ёдрас мекунем, ки дар навбати худ Ӯзбекистон дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мактаби замонавӣ ва дар ноҳияи Қубодиёни виляоти Хатлон бемористони бисёрсоҳавӣ бунёд кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.