Ба Вазорати хориҷа ҳам иҷозаи муомилот бо арзи хориҷиро доданд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои анҷом додани хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иҷозатнома дод. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 22 июни соли равон дар ин хусус қарори дахлдор қабул кард, хабар медиҳад шуъбаи матбуоти БМТ. Иҷозатнома ба ВКХ Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани хизматрасониҳои махсус бо асъори хориҷӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои анҷом додани хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иҷозатнома дод.

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 22 июни соли равон дар ин хусус қарори дахлдор қабул кард, хабар медиҳад шуъбаи матбуоти БМТ.

Иҷозатнома ба ВКХ Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани хизматрасониҳои махсус бо асъори хориҷӣ дар муддати се сол имкон медиҳад.

Гуфта мешавад, Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор уҳдадор гардидааст, ки доир ба ВКХ Тоҷикистон дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии  хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдор ворид намояд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан БМТ дар бораи додани ҷунин иҷозатнома ба КВД «Тоҷикаэронавигатсия”, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ҶДММ «Созидание» (оператори меҳмонхонаи – Hyatt Regency Dushanbe) ва ширкатии CHL INTERNATIONAL (оператори Hilton Dushanbe) хабар дода буд.

Мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби БМТ додашуда амалӣ карда мешавад.

Чунин иҷозатномаро корхонаву ширкатҳое дастрас карда метавонанд, ки ба амалиёти зерин машғуланд:

мағозаҳои савдои бебоҷ (duty-free shop);

– хизматрасонии махсус бо асъорӣ хориҷӣ;

– нуқтаҳои мубодилаи асъори  шахсони ваколатдор;

– миёнаравӣ дар бозори байналмилалии  асъор.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд