Дастурҳои Рустами Эмомалӣ: сокинони Душанберо воксин занеду воридшавандаҳоро карантин кунед

Сохторҳои тандурустии пойтахт ба пӯрзур намудани маъракаи эмгузаронии пурраи сокинони шаҳр бар зидди бемории сироятии COVID-19 ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати аз ташхис гузаронидан ва ба карантин фаро гирифтану чораҳои амалӣ  андешидан нисбат ба шахсони аз хориҷа ба ҷумҳурӣ воридшаванда вазифадор гардиданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, зимни ҷаласаи кории назди раиси пойтахт Рустами […]

Asia-Plus

Сохторҳои тандурустии пойтахт ба пӯрзур намудани маъракаи эмгузаронии пурраи сокинони шаҳр бар зидди бемории сироятии COVID-19 ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати аз ташхис гузаронидан ва ба карантин фаро гирифтану чораҳои амалӣ  андешидан нисбат ба шахсони аз хориҷа ба ҷумҳурӣ воридшаванда вазифадор гардиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, зимни ҷаласаи кории назди раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо иштироки муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо, масъулини сохторҳои дахлдор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масоили пурзӯр намудани тадбирҳои саривақтӣ барои пешгирӣ аз ин беморӣ, махсусан эмгузаронии сокинони пойтахт, амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни сокинон, назорати қатъии риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва корҳои безараргардонӣ дар пойтахт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Рустами Эмомалӣ доир ба андешидани тадбирҳо бобати омодагӣ ва таъмини муассисаҳои тиббӣ бо маводи доруворӣ ва таҷҳизоти зарурӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли воситаҳои санитариву гигиенӣ ва безараргардонӣ дастур дод.

Раиси пойтахт ҳамчунин дастур дод, ки ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ ва эмкунии аҳолӣ ва меҳмонони шаҳр, бахусус дар муассисаҳои томактабӣ, тандурустӣ, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, театр, кинотеатр, марказҳои савдо, бозорҳои истеъмолӣ гардиши хона ба хона ба роҳ монда шавад.

Инчунин супориш дода шуд, ки ба тарабхонаву ошхона, қаҳвахона ва дигар ҷойҳои ҷаъмиятӣ ҳангоми гузаронидани тӯйу маъракаҳо  таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, аз онҳо риояи қатъии меъёрҳои беҳдоштӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва чораҳои безараргардонӣ  талаб шавад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ аз ҷониби роҳбарони тамоми нуқтаҳои хизматрасонӣ қатъиян назорат шавад.

Барои назорат аз болои иҷрои ин дастурҳо супориш дода шуд, ки дар назди Раёсати тандурустии пойтахт гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, аз натиҷаи иҷрои корҳо дар ин самт ҳамарӯза ба раиси шаҳр ахборот манзур шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.