Пирӯзии аввали мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-19) дар Ҷоми миллатҳои араб-2021

Мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба пирӯзии аввалин дар мусобиқаи Ҷоми миллатҳои араб-2021 дар Миср ноил гардид. Дар даври дуюм дар гурӯҳи “В” футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳисоби 3:2 ҳамсолони худро аз Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) шикаст додан. Ҳамаи се голро аз тими Тоҷикитсон Муҳаммадалӣ Азизбоев ба ҳадаф расонид, хабар дода […]

Asia-Plus

Мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба пирӯзии аввалин дар мусобиқаи Ҷоми миллатҳои араб-2021 дар Миср ноил гардид.

Дар даври дуюм дар гурӯҳи “В” футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳисоби 3:2 ҳамсолони худро аз Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) шикаст додан. Ҳамаи се голро аз тими Тоҷикитсон Муҳаммадалӣ Азизбоев ба ҳадаф расонид, хабар дода мешавад дар сомонаи Федереатсияи футболи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар бозии дигари гурӯҳи “В” тими Мағриб (Марокко) дастаи Ҷибутиро бо ҳисоби калони 4:0 мағлуб кард.

Аз рӯйи натиҷаҳои ду давр Мағриб бо касби 6 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи “В” қарор дорад. Тоҷикистону АМА 3-имтиёзӣ доранд.

Акнун дар даври охири марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Ҷибути бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ рӯзи шанбе, 26 июн доир гардида, соати 22:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Дар мусобиқаи Ҷоми миллатҳои араб-2021, ки дар Миср гузашта истодааст, ҳамагӣ 16 тими мунтахабҳои ҷавонони то 19-сола иштирок доранд. Дастаҳо 4-тогӣ ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, аз ҳар гурӯҳ 2 дастаи аввал ба марҳилаи минбаъда (плей офф) роҳхат мегиранд.

Дар сурати ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани мунтахаби Тоҷикистон (U-19), яке аз тимҳои гуруҳи “А” – Миср, Нигер, Мавритания ё Алҷазоир ҳарифи дастаи мо мешавад.

Бозии финалии мусобиқаи Ҷоми миллатҳои араб-2021 рӯзи 6 июл ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.