Гурӯҳи фаврии СПАД барои пайгирии вазъи марзии Афғонистон ба Тоҷикистон омад

Сардори Ситоди муттаҳидаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҷиҳати арзёбии вазъияти сарҳад бо Афғонистон бо як гурӯҳи корӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора рӯзи 6 июл аз хадамоти матбуоти Созмон ба рӯзноманигорон хабар додаанд, менависад “Известия”. “Гурӯҳи фаврӣ таҳти роҳбарии сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров рӯзи 6 июл ба Тоҷикистон омад. Гурӯҳи […]

Asia-Plus

Сардори Ситоди муттаҳидаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҷиҳати арзёбии вазъияти сарҳад бо Афғонистон бо як гурӯҳи корӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора рӯзи 6 июл аз хадамоти матбуоти Созмон ба рӯзноманигорон хабар додаанд, менависад “Известия”.

“Гурӯҳи фаврӣ таҳти роҳбарии сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров рӯзи 6 июл ба Тоҷикистон омад. Гурӯҳи афсарон бо ҳавопаймои Неруҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия аз Маскав ба Душанбе омаданд”, – зикр шудааст дар хабар.

Дар хадамоти матбуот гуфтаанд, дар доираи сафар боздид аз ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон ва як қатор дидору гуфтушунидҳо бо раҳбарияти Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва дигар сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Сидоров таъкид доштааст, ки “ҳадафи аслии гурӯҳи корӣ пайгирӣ (мониторигнг)-и вазъият дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба тадбирҳои муштарак дар доираи СААД мебошад”.

Қаблан ҳамин рӯз муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко изҳор дошт, ки Русия ҷиҳати мусоидат ба Тоҷикистон вобаста ба вазъияти марз бо Афғонистон омода буда, бо низомиёни Тоҷикистон дар ин маврид робитаашро идома медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, агар талошҳои иловагӣ лозим шавад, тадбирҳо андешида хоҳад шуд.

Як рӯз пеш президенти Ассотсиатсияи байнулмилалии зиддитеррористӣ Иосиф Линдер ба “Известия” изҳор дошт, ки айни ҳол вазъият дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон сарбаста буда, метавонад ҳам ба эътидол ояд ва ҳам боз шиддат гирад.

Дар Кремл зикр карданд, ки масъалаи ворид намудани неруҳои Русия дар робита ба шиддат гирифтани вазъият дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ нашудааст. Дар ҳамин ҳол, сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфтааст, Маскав вазъиятро пайгирӣ дорад ва изҳор мекунад, ки он бесубот мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.