5 кушта, 16 захмӣ, 175 хона пурра ва қисман валангор: охирин омори заминларзаи рӯзи 10-уми июли Рашт

Мақомот омор ва хисороти расида аз заминларзаи рӯзи 10-уми июл дар Раштро эълон карданд. Бар асоси охирин омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин заминларза 5 нафар ҷон бохта, 16 кас захмӣ шудааст. Ҳамаи фавтидаҳо сокинони ноҳияи Тоҷикобод мебошанд. Ҳоло бар асоси ҳисоби пешакии ниҳодҳои давлатӣ дар ҷамоати Лангари ноҳияи Тоҷикобод 29 хона тахриб шудааст, ки […]

Мақомот омор ва хисороти расида аз заминларзаи рӯзи 10-уми июл дар Раштро эълон карданд. Бар асоси охирин омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин заминларза 5 нафар ҷон бохта, 16 кас захмӣ шудааст. Ҳамаи фавтидаҳо сокинони ноҳияи Тоҷикобод мебошанд.

Ҳоло бар асоси ҳисоби пешакии ниҳодҳои давлатӣ дар ҷамоати Лангари ноҳияи Тоҷикобод 29 хона тахриб шудааст, ки аз ин шумора 7 хона комилан вайрон шудаанд.

Дар ноҳияи Рашт, ҳарчанд, хушбахтона ин ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надошт, вале 14 хонаро пурр тахриб кардаву ба 131 хонаи дигар қисман зарар ворид шудааст.

Ҳамчунин ин заминларзаи рӯзи 10-уми июл, дар дар ноҳияи Сангвор низ хонаи як бошандаи ноҳияро пура ва як хонаи дигарро қисман хароб кардааст.

Ҳоло дар макони ҳодиса Комиссияи ҷумҳурявие, ки бар пайи ин ҳодса таъсис дода шуда буд, корро барои расонидани ёрӣ ба осебдидагону беҷошудагон идо медиҳад.

Ин заминларзаи сахт субҳи 10-уми июл рух дод, ки ларзаҳои онро дар Душанбе низ эҳсос карданд.

Пажӯҳишгоҳи геологӣ ва зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, макони заминларзаро дар 20-километрии маркази ноҳияи Рашт  гуфт ва шиддати зилзиларо аз рӯи ҷадвали Рихтер 5,9 дараҷа (бал) эълом кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.