Вазорати корҳои хориҷӣ: хабари аз Тоҷикистон ба Панҷшер бурдани силоҳу муҳимот бепоя аст

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари нашршуда дар расонаҳои Афғонистон ва бахши шабакаҳои иҷтимоии ин кишвар дар робита ба интиқол додани муҳимоту силоҳ аз Тоҷикистон ба Панҷшерро рад кард. Аз ин ниҳод ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки ин хабар аз беху бун бепоя аст. Субҳи имрӯз, 23 август "бархе телеграмканалҳои расонаҳои Афғонистон, аз қабили «Спутник Афғонистон», «Тулӯъ» ва […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари нашршуда дар расонаҳои Афғонистон ва бахши шабакаҳои иҷтимоии ин кишвар дар робита ба интиқол додани муҳимоту силоҳ аз Тоҷикистон ба Панҷшерро рад кард. Аз ин ниҳод ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки ин хабар аз беху бун бепоя аст.

Субҳи имрӯз, 23 август "бархе телеграмканалҳои расонаҳои Афғонистон, аз қабили «Спутник Афғонистон», «Тулӯъ» ва «Иттилооти рӯз» хабар доданд, ки «нахустин чархболҳои ҷабҳаи муқовимат силоҳ, муҳимот ва ниёзмандиҳои ҷабҳаро аз Тоҷикистон ба Панҷшер интиқол додаанд». Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин хабар асоси воқеӣ надорад.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия плюс» гуфтанд, ки чунин хабарҳо асоси воқеӣ надорад ва ҳеҷ чархболи Тоҷикистон барои Афғонистон муҳимоти ҷангӣ набурдааст».

Ин хабарҳо дар ҳолест, ки дар Панҷшер таҳти фармондеҳии Аҳмад Масъуд ва чеҳраҳои дигар ҷабҳаи муқовимат таъсис шудааст, ки дар сурати ҳамлаи Толибон бо онҳо муқовимат хоҳанд кард.

Субҳи имрӯз,  Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯйи "Толибон" ва сарпарасти вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон дар ҳисоби корбарии Тветиттераш навиш, ки Панҷшер дар муҳосираи ин гурӯҳ афтодааст.

Аммо то кунун Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд ба ин навиштаи Толибон посухе надодаанд.

Ин твитти Муҷоҳид, як соат пештар нашр шудааст, ки дар он гуфта мешавад Аморати исломӣ талош дорад, то мушкил аз роҳи мусолиматомез ҳал шавад.

Ҳарчанд то кунун назари Аҳмади Масъуд ва афроди наздик дар ин бора мушаххас нест, вале ӯ дирӯз гуфта буд, ки агар Толибон ба Панҷшер ҳамла кунанд, онҳо муқовимат хоҳанд кард. 

Аҳмад Масъуд рӯзи 22-юми август дар суҳбат бо телевизиони "Ал-Арабия" гуфт, барои идораи кишвар як ҳукумати фарогир ва ҳамашумул лозим аст, ки "Толибон" низ бахше аз он хоҳад буд. "Аммо агар гурӯҳи "Толибон" музокиротро рад кунад, эҳтимол дорад, ки даргириҳо сурат бигирад."

Ӯ инчунин гуфт, нерӯҳои давлатии зидди "Толибон" аз чандин вилояти кишвар ба Панҷшер омадаанд ва ба "Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон" пайвастаанд.

Хабаргузории "Ройтерз" низ аз қавли ин раҳбари ҷабҳа гузориш додааст, ки ӯ умед дорад, гуфтугӯҳои сулҳ бо "Толибон" ба натиҷа бирасад, аммо дар айни ҳол омодаи ҷанг бо ин гурӯҳ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.