Дар вилояти Белгород сокини маст тоҷикистониёнро парронд

Дар Старий Оскол бо истифода аз силоҳи оташфишон муноқиша рух дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Белгород, иттилоъ медиҳад ТАСС. Кумитаи тафтишот аз рӯйи далели тирпарронӣ дар Старий Оскол шаби 7 сентябр парвандаи ҷиоятӣ боз кард. Тибқи фарзияи тафтишот, дар таваққуфгоҳ байни сокини 36-солаи маҳаллӣ, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт […]

Asia-Plus

Дар Старий Оскол бо истифода аз силоҳи оташфишон муноқиша рух дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Белгород, иттилоъ медиҳад ТАСС.

Кумитаи тафтишот аз рӯйи далели тирпарронӣ дар Старий Оскол шаби 7 сентябр парвандаи ҷиоятӣ боз кард.

Тибқи фарзияи тафтишот, дар таваққуфгоҳ байни сокини 36-солаи маҳаллӣ, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт ва роҳгузарони тасодуфӣ муноқиша рух додааст.

Пас аз ин гумонбаршуда аз автомашинаи дар таваққуфгоҳ гузошташуда силоҳи шикорӣ гирифта, аз он ду бор тир холӣ кардааст.

Дар натиҷа марди 23-сола захм бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад ва боз як ҷавони 20-сола бо захм аз силоҳ дар бемористон бистарӣ шудааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсияти марди дар ҷиноят дастдоштаро муайян кардаанд. Ӯ сокини Старий Оскол, соли таваллудаш 1985 будааст.

Дар фурсати кӯтоҳтарин ӯ аз ҷониби кормандони пулис боздошт шудааст.

Ба иттилои Интерфакс бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷабрдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.