Дар Тошканд ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон таҷлил шуд

Дар сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, чорабинӣ бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои расмии Ӯзбекистон, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳайати корпусҳои дипломатӣ, роҳбарони марказҳои фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, ҳамватанони муқими Ӯзбекистон, донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони расонаҳо ҷашн гирифт. Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон дар […]

Дар сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, чорабинӣ бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои расмии Ӯзбекистон, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳайати корпусҳои дипломатӣ, роҳбарони марказҳои фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, ҳамватанони муқими Ӯзбекистон, донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони расонаҳо ҷашн гирифт.

Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни суханронӣ аз аҳаммияти сарнавиштсози истиқлол сухан гуфта, онро дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, ки бо ҳидояти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст, таъкид намуд.

Зикр мегардад, ки дар чорабинӣ муовини сарвазири Ӯзбекистон Мусаев Беҳзод иштирок намуда, зимни суханронӣ мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни фархундаи Истиқлол табрику таҳният гуфт.

Ҳамчунин  гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол ташкил шуда, аксҳо, манзараҳои зебои кишвар, китобҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сиёсат ва таъриху фарҳанг, намунаи либосҳои миллӣ ва асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...