Кушта шудани ду зан дар Тоҷикистон тайи як шабонарӯз

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар куштори зани бародари худ марди 37-солаи сокини маҳаллӣ боздошт шудааст. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ӯ дар ҳолати мастӣ ба ҳамсари бародари худ бо корд ду маротиа зарба задааст, ки дар натиҷа зан дар роҳ ба беморхона ҳалок шудааст. Гуфта мешавад, ҳодисаи […]

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар куштори зани бародари худ марди 37-солаи сокини маҳаллӣ боздошт шудааст.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ӯ дар ҳолати мастӣ ба ҳамсари бародари худ бо корд ду маротиа зарба задааст, ки дар натиҷа зан дар роҳ ба беморхона ҳалок шудааст.

Гуфта мешавад, ҳодисаи куштори дуюм дар ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст. Дар ин ҷо марди 30-солаи сокини маҳаллӣ ба ҷисми ҳамсари худ 9 бор бо корд зарба задааст, ки дар натиҷаи зан дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.

Дар шаҳри Истаравшан ба гумони даст доштан дар суиқасд ба куштор марди 46-солаи сокини маҳаллӣ боздошт шудааст. Ӯ ба хонаи ҳамсояи 29-солаи худ даромада, ба ӯ бо корд ҳамла мекунад, ки дар натиҷа ҷабрдида дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.