Ӯзбекистон аз таъсиси ҳукумати Толибон дар Афғонистон истиқбол кард

Ӯзбекистон аз таъсиси ҳукумати нави Толибон (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар Афғонистон истиқбол кардааст. Гурӯҳи Толибон 7-уми сентябр  дар Кобул бо баргузори як нишасти хабарӣ Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзодаро роҳбари олии Афғонистон ва Мулло Муҳаммад Ҳасан Охнудро сарпарасти раиси ҳукумати Толибон эълон карданд. Хабаргузории ӯзбекии kun.uz бар пояи изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар навиштааст, […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Ӯзбекистон аз таъсиси ҳукумати нави Толибон (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар Афғонистон истиқбол кардааст.

Гурӯҳи Толибон 7-уми сентябр  дар Кобул бо баргузори як нишасти хабарӣ Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзодаро роҳбари олии Афғонистон ва Мулло Муҳаммад Ҳасан Охнудро сарпарасти раиси ҳукумати Толибон эълон карданд.

Хабаргузории ӯзбекии kun.uz бар пояи изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар навиштааст, ки Ӯзбекистон аз таъсиси ҳукумати сарпараст дар Афғонистон истиқбол мекунад.

“Умедворем, ки ин тасмим оғози расидан ба ризоияти васеи миллӣ, барқарор кардани сулҳу суботи устувор дар ин кишвар хоҳад шуд", – омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Ба иттилои хабаргузорӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ омодагии худро барои густариши муколамаи созанда ва ҳамкории амалӣ бо мақомоти нави   Афғонистон изҳор доштааст.

Аммо қаблан намояндаи доимии Афғонистон дар СММ гуфта буд, ки ҳукумати Толибон фарогир нест. Амрико ҳукумати нави Афғонистонро “террористони хатарнок” ном бурдааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.