Толибон барқарор намудани хатсайрҳои байнулмилалии ҳавоиро дархост карданд

Ҳаракати “Толибон” аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ барқарор намудани хатсайрҳои ҳавоии байнулмилалиро дархост кард, хабар медиҳад Reuters. Ҳукумати Толибон дар Афғонистон барои азсаргирии парвозҳои байналмилалӣ муроҷиатнома нашр карда, ваъда дод, ки бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкории мукаммал роҳандозӣ мекунад ва изҳор дошт, ки мушкилот дар фурудгоҳи Кобул ҳал шудааст. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ Абдул Қаҳҳор Балхӣ гуфтааст, […]

Asia-Plus

Ҳаракати “Толибон” аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ барқарор намудани хатсайрҳои ҳавоии байнулмилалиро дархост кард, хабар медиҳад Reuters.

Ҳукумати Толибон дар Афғонистон барои азсаргирии парвозҳои байналмилалӣ муроҷиатнома нашр карда, ваъда дод, ки бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкории мукаммал роҳандозӣ мекунад ва изҳор дошт, ки мушкилот дар фурудгоҳи Кобул ҳал шудааст.

Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ Абдул Қаҳҳор Балхӣ гуфтааст, қатъи парвозҳои байналмилалӣ ба он оварда расонидааст, ки афғонҳо аз ҳаққи сафар барои кору таҳсил маҳрум шудаанд.

"Азбаски мушкилот дар фурудгоҳи байналмилалии Кобул ҳал карда шуда, фурудгоҳ ба парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ пурра омода аст, Аморати Исломии Афғонистон ба ҳама ширкатҳои ҳавопаймоӣ итминон медиҳад, ки ҳамкории ҳамаҷонибаи худро таъмин мекунанд", – гуфтааст вай.

Аз замони ба сари қудрат омадани Толибон, аз фурудгоҳ шумораи маҳдуди парвозҳои башардӯстона ва мусофирбарӣ анҷом дода мешуд. Аммо, хизматрасонии тиҷоратӣ ҳанӯз дубора оғоз нашудааст, зеро он дар натиҷаи кӯчбандии бесарусомони даҳҳо ҳазор хориҷиён ва афғонҳо баста шуда буд.

Баъдтар, фурудгоҳ бо кӯмаки гурӯҳҳои техникии Қатар ва Туркия кушода шуд. Дар ҳоли ҳозир баъзе ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла Ширкати ҳавопаймоии байнулмилалии Покистон хидматрасониҳои маҳдуд пешниҳод мекунанд, аммо хабар дода мешавад, ки нархи чиптаҳо аз маъмулӣ чанд маротиба болотар аст.

Қаблан, 7 сентябр ИМА бори аввал пас аз анҷоми амалиёти низомӣ оид ба кӯчонидан чаҳор шаҳрванди амрикоиро аз тариқи роҳи заминӣ аз Афғонистон баровард. Он замон зикр шуда буд, ки фурудгоҳ барои парвозҳои мусофирбарӣ омода аст. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен, дар навбати худ, изҳор намуд, ки Толибон инчунин ваъдаи худро тасдиқ намуда, гуфтаанд, ки ба афғонҳо иҷоза медиҳанд, ки бидуни мамониат Афғонистонро тарк кунанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.