Қубодиён: “Лексус”-ро рабудаву ба садама дучор ва ҳалок шуд

Сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, марди 32-сола 25 сентябр шабона автомашинаи тамӯаи “Лексус”-ро рабуд. Ин автомашина ба сокини 33-солаи маҳаллӣ тааллуқ дошт. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, автомашина дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории деҳаи Ҳаваскор қарор дошт. “Ҳангоми ҳаракат намудан аз самти ноҳияи Шаҳритус ба самти ноҳияи Қубодиён дар ҳудуди деҳаи Б.Ғафуров, аз […]

Asia-Plus

Сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, марди 32-сола 25 сентябр шабона автомашинаи тамӯаи “Лексус”-ро рабуд. Ин автомашина ба сокини 33-солаи маҳаллӣ тааллуқ дошт.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, автомашина дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории деҳаи Ҳаваскор қарор дошт.

“Ҳангоми ҳаракат намудан аз самти ноҳияи Шаҳритус ба самти ноҳияи Қубодиён дар ҳудуди деҳаи Б.Ғафуров, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канори рости роҳ чаппа кардааст”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, дар натиҷа гумонбаршаванда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.