Мавқеи Тоҷикистон оид ба вазъ дар Афғонистон бори дигар дар Теҳрон баён шуд

Дар Теҳрон рӯзи 27 август вохӯрии дуюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар формати 6+1 бо иштироки Русия доир гардид. Зимни суханронӣ дар ин вохӯрӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор намуд, ки вазъи кунунии Афғонистон аз ҳамсоягони наздиктарин тақозо мекунад, ки барои барқарории сулҳу субот дар ин кишвар бештар саъйу талош кунанд. […]

Asia-Plus

Дар Теҳрон рӯзи 27 август вохӯрии дуюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар формати 6+1 бо иштироки Русия доир гардид.

Зимни суханронӣ дар ин вохӯрӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор намуд, ки вазъи кунунии Афғонистон аз ҳамсоягони наздиктарин тақозо мекунад, ки барои барқарории сулҳу субот дар ин кишвар бештар саъйу талош кунанд.

Тавре Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ба ақидаи Муҳриддин, вазъи душвор дар Афғонистон ахиран натанҳо барои мардуми афғон мушкил эҷод кардааст, балки ба яке аз мушкили шадиди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон ҳама гуна шаклҳои қонуншиканӣ, куштор, ғоратгарӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро шадидан маҳкум мекунад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки дар ин рӯзҳои душвор барои Афғонистон, ки тамоми мардуми он дар остонаи фалокати башардӯстона қарор доранд, Тоҷикистон бетафовут буда наметавонад.

Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори барқарории сулҳу субот дар Афғонистон буд ва ба ин мавқеъ содиқ боқӣ мемонад.

Аз вазъ дар вилояти Панҷшер, инчунин мавҷуд набудани асосҳои демократӣ, поймол шудани ҳуқуқи инсон, бахусус ҳуқуқи занон изҳори нигаронӣ шуд.

Тавре зикр гардид, Тоҷикистон ҳамеша танҳо аз ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки тамоми нерӯҳои иҷтимоӣ ва этникиву сиёсии кишвар ҷонибдорӣ мекунад.

Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсиву амниятӣ бо роҳи музокирот ҳарчи зудтар чораҳои фаврӣ андешида шавад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.