Додхоҳии 160 хонаводаи фирории Афғонистон: ду моҳ аст мунтазири ёрии Тоҷикистонем

Аз Аҳмад Тоҳир ном шахсе ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиатнома расид. Ӯ хабар медиҳад, ки қаблан роҳбари ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мушовири Комиссияи мубориза ба маводи нашъаовари парлумони Афғонистон будааст. Мард аз номи гурезаҳои афғон, ки айни замон маҷбуранд аз толибон пинҳон шаванд ва гузаштани сарҳадро дархост доранд,  муроҷиат кардааст. “Ҳаёти мо зери хатари ҷиддист” Ба […]

Алия Хамидуллина, Asia-Plus

Аз Аҳмад Тоҳир ном шахсе ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиатнома расид. Ӯ хабар медиҳад, ки қаблан роҳбари ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мушовири Комиссияи мубориза ба маводи нашъаовари парлумони Афғонистон будааст. Мард аз номи гурезаҳои афғон, ки айни замон маҷбуранд аз толибон пинҳон шаванд ва гузаштани сарҳадро дархост доранд,  муроҷиат кардааст.

“Ҳаёти мо зери хатари ҷиддист”

Ба гуфтаи ӯ, дар сарҳади Афғонистону Тоҷикистон байни ноҳияҳои Ишкошим ва Шуғнони музофоти Бадахшон паноҳандагон аз манотиқи гуногуни Афғонистон, аз ҷумла Кобул қарор доранд. Айни замон ҳудуди 160 оила, ки аз толибон пинҳон шудаанд, бо ӯ дар тамоси доимианд.

Аксари онҳо занони ҳомии ҳуқуқ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сарбозони сохторҳои амнияти миллии ҳукумати барканоршудаи Афғонистон мебошанд.

«Тақрибан 55 рӯз пеш гурезагон ба марзбонони тоҷик муроҷиат карда, онҳо гуфтанд, ки тибқи гуфтаҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон амал мекунанд ва пас аз таҷлил аз Рӯзи истиқлолият ба афғонҳое, ки зери хатар қарор доранд, иҷозаи гузаштани сарҳадро медиҳанд. Лекин то ҳол аз онҳо дигар хабаре нест. Мо дархост мекунем, ки садои муҳоҷирон ба ҷомеаи байнулмилалӣ ва Тоҷикистон расонида шавад”, – омадааст дар муроҷиатнома.

Ӯ зикр мекунад, ки гурезаҳо дар ҳолати ниҳоят душвор қарор дошта, агар ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир нашавад, бисёре аз кӯдакон бар асари шамолхӯрӣ фавтида метавонанд. Миёни гурезаҳо занони ҳомиладор низ ҳастанд, ки ҳолаташон на он қадр қаноатбахш аст.

“Чанд рӯз пеш кӯдаке сахт бемор шуд. Толибон иҷозат надоданд, ки ӯро ба бемористон баранд. Дар ниҳояти кор падараш маҷбур шуд ӯро ба Кобул барад, аммо дар роҳ вафот кард, – менависад Аҳмад Тоҳир. – Агар мо, ки дар ин ҷо ҳастему ба Кобул биравем ва аз ҷониби Толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ кушта шавем, беҳтар аст, ки дар ин ҷо худкушӣ кунем", чунин аст суханони афроди дар сарҳад ба дом афтода".

Ба гуфтаи Тоҳир,ки ӯ ҳам  аз ҷумлаи гурезаҳост, барои эмин нигоҳ доштани ҷони худ онҳо маҷбуранд, ки пинҳон шаванд.

"Дар ин ҷо Толибон одамонро бераҳмона таъқиб мекунанд ва мехоҳанд намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва сарбозони ҳукумати собиқи Афғонистонро ба қатл расонанд. Лутфан, агар тавонед, ба мо кумак кунед, зеро ҳаёти мо зери хатари ҷиддист”, – навиштааст ӯ.

Хадамоти марзбонӣ: “Дар сарҳад тинҷиву оромист”

Аз Хадамоти марзбонии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки аз сокинони Афғонистон ба ин монанд муроҷиатномае ба онҳо нарасидааст.

“Ягона ҳодисае буд, ки ду-се моҳ пеш хизматчинёни ҳарбии ҳукумати барканоршудаи Афғонистон  дархост намуданд, ки ба онҳо долон дода шавад, лекин байни онҳо аҳолии осоишта набуд”, – гуфтанд дар хадамот.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар марзи Афғонистону Тоҷикистон ҳама чиз зоҳиран ором аст, мардум ба таври маъмулӣ зиндагӣ дошта, кӯдакон ба мактаб мераванд ва тирпарронӣ нест.

“Агар гурезаҳо дар чунин ҳолат қарор медоштанд, ин кайҳо дар YouTube нашр мешуд. Ва агар ба мо чунин маълумот мерасид, онро бе таваҷҷуҳ намегузоштем”, – изҳор доштанд дар Хадамоти марзбонӣ.

“Азия-Плюс” талош варзид, ки аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавриди ин масъала шарҳ дастрас намояд, лекин ягон телефони ин вазорат, аз ҷумла телефони хадамоти матбуот ба зангҳо ҷавоб намедиҳад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.