Зане аз Дарвоз: Фавзия Кӯфӣ барандаи ҷоизаи “Қаҳрамони сол”-и Амрико шуд

Фавзия Кӯфӣ, раиси ҷараёни "Мавҷи таҳаввул", яке аз фаъолони ҳуқуқи зан дар Афғонситон, сиёсатмадори бонуфуз ва вакили пешини ин кишвар дар порлумон аз сӯйи Бунёди амрикоии "Пет Тиллман" барандаи ҷоизаи "Қаҳрамони сол" дар соли 2021 шуд. Гуфта шудааст, ки бону Кӯфӣ ин ҷоизаро барои фаъолиятҳояш дар ростои таъмини сулҳ, дифоъ аз ҳуқуқи башар ба худ ихтисос […]

Asia-Plus

Фавзия Кӯфӣ, раиси ҷараёни "Мавҷи таҳаввул", яке аз фаъолони ҳуқуқи зан дар Афғонситон, сиёсатмадори бонуфуз ва вакили пешини ин кишвар дар порлумон аз сӯйи Бунёди амрикоии "Пет Тиллман" барандаи ҷоизаи "Қаҳрамони сол" дар соли 2021 шуд.

Гуфта шудааст, ки бону Кӯфӣ ин ҷоизаро барои фаъолиятҳояш дар ростои таъмини сулҳ, дифоъ аз ҳуқуқи башар ба худ ихтисос додааст. 

Фавзия Кӯфӣ то суқути Кобул ба дасти "Толибон"  узви аршади тими музокиротии давлати Афғонистон бо гурӯҳи “Толибон” дар пойтахти Қатар шаҳри Давҳа буд.

Фавзия Кӯфӣ, соли гузашта вориди рӯйхати номзадҳои эҳтимолии ҷоизаи сулҳи Нобел шуда буд.

Он вақт Шӯрои сулҳи Норвей номи Фавзия Кӯфиро ба унвони яке аз номзадҳои эҳтимоли дарёфткунандаи ҷоизаи сулҳи Нобел матраҳ карда буд. Ин ниҳод гуфта буд, ки бону Фавзия Кӯфӣ бо вуҷуди душвориҳои сахт дар Афғонистон ва ҳатто ҳамлаҳои мусаллаҳона, талошҳо барои сулҳ ва ҳифзи ҳуқуқи занро идома додааст.

Фавзия Кӯфӣ, ки ҳоло раиси Ҳизби мавҷи таҳаввули Афғонистон аст, яке аз сиёсатмадорони матраҳи ин кишвар аст, ки дар хориҷ аз он ҳам матраҳ мебошад. 

Фавзия Кӯфӣ зодаи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон аст, ки 46 сол умр дорад. Ӯро яке аз касоне медонанд, ки дар қабули қонуни манъи хушунат алайҳи зан дар Афғонистон нақши зиёде дорад. Ӯ хатмкардаи риштаи мудирияти бозаргони донишгоҳи Исломободи Покистон ва донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи Кобул аст. 

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.