Мулоқоти Аҳмад Масъуд бо Оятуллоҳ Хоманаӣ

Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон тайи  як сафар ба Ҷумҳурии исломии Эрон бо Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби исломии Эрон мулоқот кардааст. Қабл аз мулоқот бо Хоманаӣ расонаҳо аз мулоқоти Аҳмад Масъуд бо роҳбарони пешини ҷиҳодиву қавмии Афғонистон, ки баъди суқути Кобул ба Эрон рафтаанд, мулоқот кардааст. Гуфта мешавад Аҳмад Масъуд дар ин сафараш […]

Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон тайи  як сафар ба Ҷумҳурии исломии Эрон бо Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби исломии Эрон мулоқот кардааст. Қабл аз мулоқот бо Хоманаӣ расонаҳо аз мулоқоти Аҳмад Масъуд бо роҳбарони пешини ҷиҳодиву қавмии Афғонистон, ки баъди суқути Кобул ба Эрон рафтаанд, мулоқот кардааст.

Гуфта мешавад Аҳмад Масъуд дар ин сафараш ба Эрон дидорҳое бо мақомоти дигари эронӣ ҳам доштааст.

Ба навиштиаи хабаргузории "Спутник" Хоманаӣ дар ин дидор аз Аҳмади Масъуд хостааст, ки "талош кунад бо “Толибон” аз дари сулҳу салоҳ ва музокира масъалаи буҳрони Афғонистонро ҳал кунад. Вай гуфтааст, танҳо роҳи ҳалли низоъ ва ҷилавгирӣ аз фоҷиаҳои оянда дар Афғонистон эҷоди як ҳукумати ҳамашумул бо ширкати тамоми нерӯҳои матраҳи сиёсӣ, аз ҷумла Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аст”.

Дар бораи ҷузъиёти дигари сафари Масъуд ба Эрон ва дидораш бо Хоманаӣ маълумоте ба нашр нарасидааст. 

Вазорати хориҷаи Эрон дар як нишасти хабарӣ сафари Аҳмади Масъудро ба Эрон як сафари маъмулӣ номид. 

Саиди Хатибзода, сухангӯи ВКХ Эрон дар нишасти хабарии рӯзи 8 ноябр дар бораи воқеияти сафари Аҳмад Масъуд ба Эрон гуфт, сафарҳо дар мавзӯи Афғонистон маъмулӣ буда, бо огоҳии Кобул ва дӯстон дар манотиқу гурӯҳҳои мухталифи Афғонистон сурат мегиранд.

Эрон яке аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва муҳимми минтақа буда, дар муқовимати Аҳмадшоҳ Масъуд алайҳи "Толибон" дар солҳои навадуми асри гузашта ва 2000-ум аз неруҳои Масъуд ҳимоят мекард. 

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.