Сафари Аҳмад Масъуд ба Эрон бо паёми Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон мусоидат намояд. Тавре хабаргузории “Красная Весна” бо истинод ба Sputnik Афғонистон иттилоъ медиҳад, дар вохӯрӣ бо собиқ волии вилояти Ҳироти Афғонистон Исмоил-Хон пешвои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуди хурдӣ чунин изҳори андеша кардааст. Ин вохӯрӣ рӯзи 6 ноябр дар шаҳри Машҳади Эрон баргузор […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон мусоидат намояд.

Тавре хабаргузории “Красная Весна” бо истинод ба Sputnik Афғонистон иттилоъ медиҳад, дар вохӯрӣ бо собиқ волии вилояти Ҳироти Афғонистон Исмоил-Хон пешвои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуди хурдӣ чунин изҳори андеша кардааст.

Ин вохӯрӣ рӯзи 6 ноябр дар шаҳри Машҳади Эрон баргузор шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати "Толибон ба Радиои Афғонистони Озод гуфтааст, “Толибон” дар ҷустуҷӯи робитаи нек бо ҳамаи ҳамсояҳо, бахусус Тоҷикистон, аст.

"Ҳукумати мо мехоҳад, бо ҳама ҳамкор бошад, чи дар бахши иқтисод ва чи дар бахши ҳамлу нақл ва рафтуои афғонҳо. Бахусус бо Тоҷикистон мехоҳад, равобити хуб дошта бошад, аз ҷумла дар соҳаи тиҷорат ва бахшҳои дигаре, ки он кишвар нигаронаш аст", – иброз доштааст вай.

Тибқи маълумоти расмӣ, ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Афғонистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 76 млн 700 ҳазор долларро ташкил додааст.

Тоҷикистон ягона кишваре дар Осиёи Марказӣ аст, ки нисбат ба Толибон мавзеъгирии оштинопазир дорад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз Толибон барои нодида гирифтани ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон интиқод кард ва гуфт, танҳо аз таъсиси ҳукумати фарогир дар ин кишвар ҳимоят мекунад.

Ёдовар мешавем, ки масъалаи ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистонро, ки ба ҳайаташ бояд тоҷикону ҳазораҳо ва ӯзбекон дохил шаванд, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 сентябр дар мулоқот бо нахуствазири Покистон Имрон Хон  дар Душанбе матраҳ карда буд.

Маҳз ҳамон вақт президенти Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки дар ташкили музокироти намояндагони муқовимат ва Толибон дар Душанбе кумак хоҳад кард, аммо ин иқдом то кунун сурат нагирифтааст.

Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 сентябр зимни суханронӣ дар иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ хостори баргузории интихобот дар Афғонистон ва таъсиси як ҳукумати фарогир бо ширкати намояндагони тамоми қавмҳо, аз ҷумла тоҷикони афғон шуд.

Ба ақидаи ӯ, бидуни ба инобат гирифтани манофеи кулли сокинони Афғонистон таъсиси ҳар як ҳукумат метавонад барои ӯ паёмадҳои фалокатбор оварад. Раҳмон он замон аз хатари эҳёи терроризми байналмилалӣ дар қаламрави Афғонистон ҳушдор дод.

Қаблан дар мусоҳиба бо хабарнигори ТАСС собиқ муовини волии вилояти Панҷшер Кабир Восиқ қайд карда буд, ки ҷабҳа бо Тоҷикистон, ки «ба мардуми афғон дар мубориза бо Толибон ҳамеша кумаки назаррас расонидааст ва ҳозир низ ёрӣ мерасонад”, равобити хуб дорад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.