Темур Раҳимов соҳиби нахустин медали нуқраи Тоҷикистон аз Grand Slam дар таърихи ҷудои тоҷик

Паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар мусобиқаи Гранд Слами Боку (Grand Slam Baku-2021) дар вазни +100 кг  сазовори медали нуқра шуд. Ин мусобиқа рӯзҳои 5-7 ноябр доир гардид. Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, Темур Раҳимов рақобатро аз чорякфинал оғоз карда, бар Тиаго Палмини аз Бразил ва дар нимфинал бар Свен Ҳинле […]

Паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар мусобиқаи Гранд Слами Боку (Grand Slam Baku-2021) дар вазни +100 кг  сазовори медали нуқра шуд. Ин мусобиқа рӯзҳои 5-7 ноябр доир гардид.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, Темур Раҳимов рақобатро аз чорякфинал оғоз карда, бар Тиаго Палмини аз Бразил ва дар нимфинал бар Свен Ҳинле аз Олмон ғалаба карда, дар финал аз Татсуру Саитои ҷопонӣ мағлуб шуда, ҷои дуюмро сазовор гардид.

Гуфта мешавад, дар ин вазн медалҳои биринҷиро Ушангӣ Кокаурӣ аз Озарбоҷон ва Тсетсентсенгел Одхуу аз Муғулистон гирифтанд.

Бино ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо, барои зинаи дуюм Темур Раҳимов дар ҳаҷми 3 ҳазор евро мукофотпулӣ ҳам мегирад. Дар ин мусобиқа барои зинаи аввал 5 ҳазор ва зинаи сеюм – 1,5 ҳазор евро мукофотпулӣ муқаррар шудааст.

Дар мусобиқа 195 варзишгар (128 мард, 67 зан) аз 29 давлат иштирок карданд. Аз ҷумҳурии мо шаш варзишгар ба ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ сафарбар гардиданд: Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73кг), Хушвақт Идиев, Ҳақназар Назаров (-81кг), Амирҷони Насимҷон, Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Темур Раҳимов (+100кг).

Зикр мегардад, ки Муҳаммадраҳим Сарахонов ҷои ҳафтумро ишғол карда,  дигар варзишгарони Тоҷикистон дар рақоабти аввалашон аз ҳарифон мағлуб шуданд.

Боз як зодаи Тоҷикистон Маҳмадбек Маҳмадбеков дар ин мусобиқа аз Русия намояндагӣ кард. Дар вазни 73 кг ӯ ҷудокори Ҷопон Кен Ойоширо мағлуб намуда, зинаи аввалро ишғол кард.

Аз рӯи натиҷаҳои умумидаставӣ Тоҷикистон дар зинаи 14-ум қарор гирифт. Зинаҳои аввалро мутаносибан намояндагони Ҷопон, Русия ва Олмон касб карданд.

Қобили зикр аст, ки Темур Раҳимов бори нахуст дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии Grand Slam ба дарёфти медали нуқра ноил гардид. Имсол ӯ дар 8 мусобиқаи байнулмилалӣ, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ дар Токио ширкат варзид. Медали нуқра дар мусобиқаи Baku Grand Slam-2021 дастоварди беҳтарини паҳлавони тоҷик аст.  То ин мусобиқа Темур Раҳимов бо касби 2737 имтиёз дар вазни +100 дар зинаи 11-уми радабандии байнулмилалии ҷудо қарор дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.