Ҳукумати Душанбе ба ҳама нафақагирони аз 75-сола боло 100 сомонӣ медиҳад

Ҳукумати шаҳри Душанбе ба нафақагирони аз 75-сола болои пойтахт ба маблағи 100 сомонӣ ёрии якдафъаина мерасонад.  Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати  агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ин кумаки якдафъаина ба нафақагирони дар боло зикршуда ҳамасола  як бор расонида мешавад. Як масъули ин ниҳод гуфт, ки  ин маблағ ҳамасола дар тирамоҳ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ҳукумати шаҳри Душанбе ба нафақагирони аз 75-сола болои пойтахт ба маблағи 100 сомонӣ ёрии якдафъаина мерасонад. 

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати  агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ин кумаки якдафъаина ба нафақагирони дар боло зикршуда ҳамасола  як бор расонида мешавад.

Як масъули ин ниҳод гуфт, ки  ин маблағ ҳамасола дар тирамоҳ ба нафақагирон дода мешавад.

"Ин пул моҳҳои октябр ё ноябр ба онҳо дода мешавад. Яъне рӯйхати онҳоро ҳукумати ноҳия ба ҳукумати шаҳр пешниҳод мекунад ва баъдан маблағгузорӣ карда мешавад. Ва охири моҳи ноябр ин маблағро мегиранд. Дар ин бора ба онҳо ҳангоми гирифтани нафақа аз бонкҳои маҳалли зист ё ҳукумати ноҳия хабар расонида мешавад».

Ӯ ҳамзамон илова кард, ки нафақагирон метавонанд бо шиноснома ба бонкҳои ҷойи зист ҳозир гардида, маблағро бигиранд. «Ин пулро танҳо бо шиноснома мегиранд ва он ба кортҳои нафақагирии онҳо гузаронида намешавад».

Ба гуфтаи ин масъул дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аллакай додани ин кӯмакпулӣ оғоз шудааст ва бархе аз нафақагирон онро гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.