Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ сухангӯйи нави Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон

Сухангӯйи пешини Вазорати умури хориҷаи Афғонистон, Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ сухангӯй ва раиси Кумитаи равобити стратегии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъйин шуд.  Худи Аҳмадӣ рӯзи сешанбеи 23-юми ноябр дар суҳбат бо рӯзномаи "8 субҳ"-и чопи Кобул инро таъйид кардааст. Аҳмадӣ дар замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ, вақте Салоҳуддин Раббони вазири хориҷаи Афғонистон буд сухангӯйи ин ниҳод буд ва баъдан то ин таъйиноти […]

Asia-Plus

Сухангӯйи пешини Вазорати умури хориҷаи Афғонистон, Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ сухангӯй ва раиси Кумитаи равобити стратегии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъйин шуд.  Худи Аҳмадӣ рӯзи сешанбеи 23-юми ноябр дар суҳбат бо рӯзномаи "8 субҳ"-и чопи Кобул инро таъйид кардааст.

Аҳмадӣ дар замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ, вақте Салоҳуддин Раббони вазири хориҷаи Афғонистон буд сухангӯйи ин ниҳод буд ва баъдан то ин таъйиноти ахир ба унвони ёвар ва сухангӯйи Раббонӣ кор мекард. 

Аҳмадӣ пас аз се моҳ ба ҷойи Муҳаммад Фаҳими Даштӣ сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд таъин шуд. Фаҳими Даштӣ 5 сентябр, замони ҳамлаи “Толибон” ба Панҷшер ба шаҳодат расида буд.

Сибғатуллоҳ Аҳмадии 38-сола зодаи шимоли Афғонистон мебошад, ки донишгоҳро дар Ҳинд дар риштаи таърих ва улуми сиёсии Донишгоҳи Деҳлӣ ба поён расонидааст. Падари Аҳмадӣ яке аз раҳбарони маҳалии ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон бо раҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ ва вакили порлумони Афғонистон буд. 

Аҳмадӣ собиқаи кори хабарнигорӣ ва гардонандагӣ дар дар телевизиони "Як" ва "Тулуънеюс"-и Афғонистонро дорад.  

Баъдан кори рӯзноманигориро ба кор дар созмонҳои хориҷӣ бадал кард ва замонемушовири ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалии Дафтари байналмилалии маводи мухаддир ва умури интизомии Вазорати хориҷаи Амрико дар Афғонистон буд.

Соли 2014 дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ масъули Ситоди интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳдар Кундуз буд ва баъдан барои кор ба Вазорати хориҷаи Афғонистон омад. То суқути Кобул ба дасти Толибон мушовири равобити хориҷии Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.