Як ҷавон дар Душанбе духтари 17-соларо аз ғарқшавӣ наҷот дод

Сокини пойтахт Сафаралӣ Ғойибови 21-сола ҳаёти духтари 17-солаи сокини Ваҳдатро, ки аз болои пул дар хиёбони Саъдии Шерозӣ худро ба дарё партофт, наҷот дод. Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, Сафаралӣ дар кӯчаи Қаҳҳоров, манзили рӯ ба рӯи макони ҳодиса иқомат дошта, бо шунидани доду фарёди мардум фавран ба ҷои […]

Нигина Аслонова , Asia-Plus

Сокини пойтахт Сафаралӣ Ғойибови 21-сола ҳаёти духтари 17-солаи сокини Ваҳдатро, ки аз болои пул дар хиёбони Саъдии Шерозӣ худро ба дарё партофт, наҷот дод.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, Сафаралӣ дар кӯчаи Қаҳҳоров, манзили рӯ ба рӯи макони ҳодиса иқомат дошта, бо шунидани доду фарёди мардум фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир ва ба дохили дарё даромада, ҷавондухтари ғарқи обро ба берун баровардааст.

Гуфта мешавад, духтар касалии руҳӣ дошта, бо сабаби хуруҷ гирифтани бемориаш ба ин амал даст задааст.

“Айни ҳол вазъи саломатии ҷавондухтари 17-сола хуб арзёбӣ гардида, барои гузаронидани ташхисҳои тиббӣ ба Беморхонаи Қарияи Боло дастрас ва таҳти назорати табибон қарор дорад”, – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки  оид ба ҳодисаи мазкур санҷиш ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.