Сокини Душанберо барои таҳқири модараш 15 шабонарӯз ҳабс карданд

Сокини 46-солаи шаҳри Душанбе Фурқат Муминови падари 3 фарзанд барои таҳқиру озори модараш 15 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд. Тавре Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, як зани пиронсоли пойтахт ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, шикоят кардааст, ки писараш ӯро доимо мавриди таҳқиру озор қарор медиҳад. “Тавре муайян гардид, аз ин пеш низ […]

Asia-Plus

Сокини 46-солаи шаҳри Душанбе Фурқат Муминови падари 3 фарзанд барои таҳқиру озори модараш 15 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд.

Тавре Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, як зани пиронсоли пойтахт ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, шикоят кардааст, ки писараш ӯро доимо мавриди таҳқиру озор қарор медиҳад.

“Тавре муайян гардид, аз ин пеш низ нисбати дастгиршуда Фурқат Муминов барои таҳқиру озор ва дашноми модараш ду маротиба ҷазоҳо дар намуди ҳабси маъмурӣ татбиқ гардида буд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, бо назардошти ҳолати мазкур ин маротиба низ нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ оғоз гардида, нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонаруз таъин карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар Раёсати ВКД зикр мекунад, ки роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт талош дорад, ки пеши роҳи кирдорҳои ғайриахлоқиву ғайриқонунии шаҳрвандон гирифта шуда, маърифат ва адолати ҳуқуқӣ, фазои солими хонаводагию оиладорӣ дар байни тамоми табақаҳои ҷомеа таъмин карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.