Даргузашти ҳунарманди саршиноси театру синамо Маҳмадалӣ Муҳаммадиев

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев ҳунарманди саршиноси синамову театри тоҷик, субҳи имрӯзи 7-уми январи соли 2022, бар асари беморие, ки дошт, дар сини 76-солагӣ даргузашт. Дар ин бораи наздикони ҳунарманд ба "Азия-Плюс" хабар доданд. Маросими видоъ ва намози ҷанозаи марҳум, намози пешин дар масҷиди маҳаллаи Роҳи Оҳани Душанбе, дар пушти Истгоҳи марказии Роҳи Оҳан баргузор мешавад. Маҳмадалӣ Муҳаммадиев, 10-уми […]

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев ҳунарманди саршиноси синамову театри тоҷик, субҳи имрӯзи 7-уми январи соли 2022, бар асари беморие, ки дошт, дар сини 76-солагӣ даргузашт. Дар ин бораи наздикони ҳунарманд ба "Азия-Плюс" хабар доданд.

Маросими видоъ ва намози ҷанозаи марҳум, намози пешин дар масҷиди маҳаллаи Роҳи Оҳани Душанбе, дар пушти Истгоҳи марказии Роҳи Оҳан баргузор мешавад.

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев, 10-уми марти соли 1946 дар ноҳияи Дарвози ВМКБ таваллуд шуда, хатмкардаи Институти театру кинои Маскав (1971) буд.

 

Иттиҳодияи синамогарони кишвар ҳам дар як паёми сӯгворӣ даргузашти ин ҳунармандро таслият гуфтааст.

"Даргузашти ҳунарпешаи театру кинои тоҷик Маҳмадалӣ Муҳаммадиев , чеҳраи зебову ғаюри синамоии мо боиси таасуф аст. Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ба пайвандон ва ҳамкасбони мутавафо изҳори таслият ва ҳамдардӣ менамоянд. Руҳашон шод ва хонаи охираташон обод бошад!",-омаддаст дар ин сӯгнома.

Муҳаммадиев пас аз хатми донишкада, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов кор карда, як силисла нақшҳо офаридааст.
Дар идома Муҳаммадиев, сипас бештари нақшҳои худро дар кино офарида, аксар муассисаҳои филмистеҳсолкунии собиқ ҷамоҳири шӯравӣ аз ҳунари хосааш фоида бурда, то дами марг ин ҳамкориҳоро идома медод.

Нақшҳои офаридааш дар филмҳои бадеии «Одам пӯсташро иваз мекунад», «Шикори охирин» («Тоҷикфилм»), «Хайр кабудии тобистон», «Тали мамнӯъ» («Узбекфилм»), «Ситораҳо дар шаб», «Соя» («Туркманфилм») ва чандин филмҳои дигар дар Маскаву Кишинев. Ин ҳунарманди фақид дар филмҳо ва намоишномаҳои телевизонии ватанӣ аз қабили «Парвози хушдоманам», «Сабзабаноз», «Қисмат», «Фиреби хаёл», «Шифо», «Чакидаҳо» ва ғайра низ нақшҳои хотирмон бозидааст.

Муҳаммадиев аз соли 1982 узвияти Иттиҳодияи синамогарони Иттиҳоди Шӯравиро дошт ва барандаи чандин ҷоизаҳои байналмилаливу миллӣ дар бахши синамо буд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ таъсис дода шуд

Мақоми нави машваратиро сарвари давлат роҳбарӣ мекунад

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод зикр мекунанд, ки вазъият давоми як шабонарӯз пас аз супориши президент муътадил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.