Неруҳои марзбонии Тоҷикистон: Мақомоти Қирғизистон ба мулоқот наомаданд ва тирпарониро оғоз карданд

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар як изҳорот, даргириҳои шоми имрӯз, 27-01.2022 оғозшуда дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ дода, гуфтааст, ки мақомоти масъули Қирғизистон ба як мулоқоти аз қабл ҳамоҳангшуда наомдаанд ва тирпарониро оғоз карданд. Бино ба изҳороти дафтари матбуоти неруҳои марзбонии Тоҷикистон,  тахминан соати 17:20-и рӯзи 27-уми  январ, як гурӯҳи шаҳрвандони номаълуми Ҷумҳурии Қирғизистон ба теъдоди  панҷоҳнафар аз […]

Asia-Plus

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар як изҳорот, даргириҳои шоми имрӯз, 27-01.2022 оғозшуда дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ дода, гуфтааст, ки мақомоти масъули Қирғизистон ба як мулоқоти аз қабл ҳамоҳангшуда наомдаанд ва тирпарониро оғоз карданд.

Бино ба изҳороти дафтари матбуоти неруҳои марзбонии Тоҷикистон,  тахминан соати 17:20-и рӯзи 27-уми  январ, як гурӯҳи шаҳрвандони номаълуми Ҷумҳурии Қирғизистон ба теъдоди  панҷоҳнафар аз ҳисоби сокинони шӯрои деҳаи Оқсои вилояти Бодканд дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи-Аъло, автомашинаи тамғаи «Портер»-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки машғули регкашӣ буд ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳаллаи Хоҷаи-Аъло ба маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара дар ҳаракат буд, маҷбуран боздоштанд. 

Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон гуфтааст, ки барои пешгирии пешгирии чунин амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудани мулоқот мувофиқа шуда буд.

Аммо ҷониби Қирғизистон ба мулоқот наомадааст, – мегӯяд ин ниҳод. 

"Ба ҷои ин, тахминан соати 18:10 ба вақти маҳаллӣ марзбонони қирғиз, ки дар қад-қади пули дар боло зикр шуда (275 метр) мавқеъи оташфишониро ишғол карда, аз силоҳи оташфишони мавҷуда ба сӯи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд. Дар ҳоли ҳозир шиддати тирборон аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон босуръат афзоиш меёбад. Дар байни сокинони осоишта ва сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон талафот дида мешавад",-омадааст дар изҳороти КДАМ.

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ки "ба манотиқи наздисарҳадии вилояти Бодканд кӯчонидани ҷузъу томҳои ҷудогона ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва техникаи ҳарбӣ мушоҳида мешавад".

Айни замон аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯи сокинони маҳаллӣ, воситаҳои нақлиёт ва иншооти гуногуни инфрасохторӣ тирборони шадид идома дорад. Дидбонгоҳои наздисарҳадӣ аз миномётҳо тирборон карда мешаванд, мегӯяд Неруҳои марзбонӣ.

Парвозҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин бо вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, – омадааст дар ин изҳорот

Айни замон ҷониби Қирғизистон бо мақсади пинҳон кардани амалҳои ғайриқонунии худ оммаро бо маълумоти бардурӯғ ва фейки дар ВАО ва манбаҳои гуногуни интернетӣ фаъолона коркард ва паҳн мекунад, мегӯяд ҷониби Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.