Як сокини Исфара кушта шуд. Ба хонааш гулӯла партоб кардаанд. СПАД хостори қатъи фаврии даргирӣ шуд

Як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар даргириҳое, ки ҳамин ҳоло дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нуқтаи марзии Исфара ва Бодканд кушта шудааст. Аз ин сокини кушташуда Обидҷон Тӯйчиев ном бурда мешавад, ки сокини деҳаи Хоҷаи Аъло буда дар натиҷаи партоби гулӯла (снаряд) ба хонааш ҷон бохтааст. Дар ин бора аз ҳукумати Исфара ба “Азия – Плюс” хабар […]

Asia-Plus

Як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар даргириҳое, ки ҳамин ҳоло дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нуқтаи марзии Исфара ва Бодканд кушта шудааст. Аз ин сокини кушташуда Обидҷон Тӯйчиев ном бурда мешавад, ки сокини деҳаи Хоҷаи Аъло буда дар натиҷаи партоби гулӯла (снаряд) ба хонааш ҷон бохтааст.

Дар ин бора аз ҳукумати Исфара ба “Азия – Плюс” хабар доданд.

Дар ҳоли ҳозир, бино ба иттилои дарёфтии "Азия-Плюс" аз Беморхонаи марказии Исфара то кунун 6 захмӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар ин бемористон бистарӣ шудааст. Аз шумори захмиён ду нафар низомӣ гуфта мешавад. 

Дар ҳоли ҳозир ҷониби Қирғизистон дар бораи 4 захмӣ хабар медиҳад.

Тирпаронии шадид дар чорроҳии деҳаи Сомониён ҷараён дорад. Ҳамчунин садои тирпарониҳо аз қисмати болои ҷамоати Чоркӯҳ низ шунида мешавад, хабар медиҳад як манба аз ҳукумати Исфара ба "Азия-Плюс".

Станислав Зас, дабири кулли СПАД аз ҷонибҳои даргир хостори оташбаси фаврӣ дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон шуд.

Чанде қабл Станислав Зас бо Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, Насрулло Маҳмудзода ва Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, Марат Имонқулов суҳбати телефонӣ анҷом дод, ки дар ҷараёни он дабири кулли СПАД хостори оташбаси фаврӣ миёни ҷонибҳо шуд. Дар ин бора odkb-csto.com хабар медиҳад. 

"Даргириҳои дубора дар марз, ки дар натиҷаи он захмӣ вуҷуд дорад, нигаронии ҷиддиро ба бор овардааст. Муқовимати мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд фавран қатъ карда шавад. Низоъ бояд танҳо дар сари мизи музокирот бо роҳи сулҳомез ҳал шавад.  СПАД омода аст ба Қирғизистону Тоҷикистон дар ҳалли ин масъала кумаки зарурӣ расонад. Итминон дорам, ки раҳбарияти ҳарду кишвари узви СПАД роҳҳои қобили қабули ҳалли ин мушкили сарҳадӣ барои ҳарду ҷонибро пайдо хоҳанд кард”, гуфтааст дабири кулли СПАД Станислав Зас.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.