Парлумони Қазоқистон бекор шудани раёсати якумрии Назарбоевро дар Шӯрои амният маъқул донист

Сенати Қазоқистон тағйиротеро қабул намуд, ки мувофиқи онҳо, Нурсултон Назарбоев аз ҳуқуқи раёсати якумрӣ дар Шӯрои амният, ҳизби “Нур Отан” ва Ассамблеяи халқи Қазоқистон маҳрум мешавад, хабар медиҳад Vласть. Дар баробари ин сенаторҳо ба санад тағйироте низ ворид намуданд, ки дар он бекор намудани бо президент мувофиқа кардани ташаббусҳо дар мавриди самтҳои асосии сиёсати дохилӣ […]

Asia-Plus

Сенати Қазоқистон тағйиротеро қабул намуд, ки мувофиқи онҳо, Нурсултон Назарбоев аз ҳуқуқи раёсати якумрӣ дар Шӯрои амният, ҳизби “Нур Отан” ва Ассамблеяи халқи Қазоқистон маҳрум мешавад, хабар медиҳад Vласть.

Дар баробари ин сенаторҳо ба санад тағйироте низ ворид намуданд, ки дар он бекор намудани бо президент мувофиқа кардани ташаббусҳо дар мавриди самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

“Вакилон тағйирот ба қонунгузориро дар мавриди бояд Шӯрои амният ва Ассотсиатсияи халқи Қазоқистонро  роҳбарӣ кардани сарвари давлат тибқи мансабаш дастгирӣ карданд. Зимни баррасси лоиҳаи қонун боз як тағйирот ворид шуд. Аз қонун “Дар бораи презиенти якум” меъёр дар бораи бо президент Нурсултон Назарбоев мувофиқа кардани ташаббусҳо дар мавриди самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ хориҷ карда мешавад”, – хабар додаанд дар дафтари матбуоти сенат.

Ба ин тариқ, рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни ҷаласа вакилон лоиҳаи қонуни мазкурро ба маҷлис баргардониданд, ки ин ниҳод қарори ниҳоӣ қабул мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.