Вокуниши раиси вилояти Суғд ба изҳороти ҳамтои қирғизаш: “Роҳ хоки Тоҷикистон аст ва баҳс намешавад”

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар як изҳорот гуфт, роҳи Ош-Исфанаи Қирғизистон аз болои дарёи Исфара ва аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. Вай дар як суҳбат бо “Азия-Плюс” ба гуфтаҳои раиси вилояти Бодканди Қирғизистон Абдукарим Алимбоев вокуниш нишон дод ва гуфт, “275 метр қитъаи роҳе, ки ҷониби Қирғизистон онро “Торт-Кочо” мегӯянд, замини аслии Тоҷикистон аст”. Раиси вилояти Бодканд […]

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар як изҳорот гуфт, роҳи Ош-Исфанаи Қирғизистон аз болои дарёи Исфара ва аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. Вай дар як суҳбат бо “Азия-Плюс” ба гуфтаҳои раиси вилояти Бодканди Қирғизистон Абдукарим Алимбоев вокуниш нишон дод ва гуфт, “275 метр қитъаи роҳе, ки ҷониби Қирғизистон онро “Торт-Кочо” мегӯянд, замини аслии Тоҷикистон аст”.

Раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев, рӯзи 30 январ дар як суҳбаташ бо Sputnik Қирғизистон гуфтааст, “то ҳол қитъаи Торт-Кочо дар вилояти Бодканд ба таври қонунӣ ба расмият надаромадааст. Бастани роҳ дар Торт-Кочо ғайриқонунӣ аст, зеро ин минтақа ҳоло ба касе тааллуқ надорад. Аз он ҳам шаҳрвандони Қирғизистон ва ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон истифода мекунанд. Ҷониби Тоҷикистон мехоҳад, чун қитъаи Торт-Кочо қаламрави Тоҷикистон ҳисоб шавад, аммо ин ғайриқонунӣ аст”.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар як изҳороташ ва дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтаҳои раиси вилояти Бодкандро нодуруст хонд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, маҷрои рӯдхонаи Исфара бо ду паҳлӯи соҳилаш 275 метр дарозӣ дорад, ки роҳи Ош-Исфана аз он ҷо мегузарад, дар асл замини аслии тоҷикон аст. “Ҳамсояҳо ҳеҷ асоси қонунӣ надоранд, ки ин қитъаро баҳсбарангез донанд", – гуфт, раиси вилояти Суғд.

«Қитъаи мавзеи маҳаллаи Зарафшон, ё ки онро ҷониби қирғиз Торт-Кочо меномад, мувофиқи ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1929 ва маводи комиссияи паритетии соли 1989, бебаҳс ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин қитъаи роҳи автомобилгард ва пул бо дархости ҷониби Қирғизистон тибқи протоколи байни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Созишнома байни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон аз 18 майи соли 2007 ба мўҳлати 49 сол бо арзиши рамзӣ ба иҷора дода шудааст”, – гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилояти Бодканди Қирғизистон Абдикарим Алимбоев дар суҳбат ба расонаҳои қирғизӣ гуфтааст, дар мавриди ин масъала “комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъину аломатгузории марзӣ кор мекунад ва умедворам, ки ин масъала ҳали худро меёбад”.

Аммо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар вокуниш ба ин гуфтаҳои ҳамтои қирғизаш илова кард, ки “мақоми ин мавзеъ набояд мавзуйи гуфтушунид дар доираи Комиссияи байниҳукуматии таъину аломатгузории марзӣ давлатӣ қарор гирад”.

“Мо дарк мекунем, ки иртиботи нақлиётӣ бо ноҳияи Лайлак барои Қирғизистон то чӣ андоза муҳим аст ва мо ният надорем, ки барои ҳамсоягони худ монеа эҷод кунем, ба шарте ки онҳо барои ҳаракати озоди шаҳрвандони Тоҷикистон, интиқоли моли барои эҳтиёҷоти дохилӣ ва лозим барои тиҷорат дар ин роҳ монеа эҷод накунанд”-гуфтд, Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилояти Суғд дар робита ба муноқишаи хунини шаби 27-уми январ, ки байни шаҳрвандони ду кишвари ҳамсоя ба миён омад гуфт, ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ин қитъаро ҳамчун фишанги фишор болои кишвари ҳамсоя истифода намебарад.

Аҳмадзода иловата кард, ки “агар мавриди бастани роҳ ҷой дошта бошад, пас ин ё дар ҷавоб ба амалҳои ғайриқонунии тарафи дигар ва ё ба мақсади таъмини амнияти шаҳрвандони ду давлат ҳангоми даргириҳо, ҳамчун чораи муваққатӣ сурат гирифтааст”.

Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, қитъаи 275-метраи қаламрави Тоҷикистон, аз ду паҳлӯи соҳили дарёи Исфара – деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёнро ба ҳам мепайванданд, ҷойгир аст. Инчунин деҳаҳои қирғизнишини Кок-тош ва Ортабоз дар ин ҷо мавқеият доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.