Дар футболи Тоҷикистон низоми видеодовар-VAR ҷорӣ мешавад

Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) корҳо оид ба ҷорисозии низоми VAR (Video Assistant Referee) – ёвари видеоӣ барои доварон оғоз шуд. Тавре ки як манбаъ аз ФФТ хабар дод, технологияи нав, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон муваффақона истифода мешавад, футболи миллиро поку шаффофтар намуда, ба доварон дар қабули қарори дуруст кумак мекунад. Лекин барои […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) корҳо оид ба ҷорисозии низоми VAR (Video Assistant Referee) – ёвари видеоӣ барои доварон оғоз шуд.

Тавре ки як манбаъ аз ФФТ хабар дод, технологияи нав, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон муваффақона истифода мешавад, футболи миллиро поку шаффофтар намуда, ба доварон дар қабули қарори дуруст кумак мекунад.

Лекин барои оғози ҷорисозии ин технология, як қатор шартҳоро мебояд иҷро намуд, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷатҳо, ба омӯзиш фаро гирифтани доварон ва ташкил кардани давраҳои омӯзиши махсус барои онҳо.

Ба гуфтаи мутахассиси ФФТ, агар ҷорисозии низоми VAR ҳамин сол оғоз гардад, дар мавсими оянда аллакай метавон такрорҳои видеоро дар бозиҳои чемпионати Тоҷикистон тамошо кардаву лаҳзаҳоро санҷид.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон ФФТ бо як қатор ширкатҳои таҳвилгари техникаву таҷҳизот гуфтушунид дорад.

Гузаштан ба низоми VAR ба талаботи Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) ва Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) мувофиқат мекунад.

VAR – технологияе дар футбол аст, ки ба довар барои қабули қарор бо ёрии такрорҳо дар навори видео имкон медиҳад. Низоми ёрии видеоӣ ба тамошои чор навъи такрори лаҳзаҳои баҳсӣ имкон дода, ҷиҳати қабул қарори дуруст ба довар ёрӣ мерасонад.

Барои насби низом дар варзишгоҳҳо нархи муқарраршуда (стандартӣ) вуҷуд надорад, зеро он, аз ҷумла ба андозаи иншоот, шумораи камераҳои видеоӣ ва дигар омилҳо вобаста аст. Як модел – мавҷуд будани як ҳуҷраи мутамаркази VAR  ва модели дуюм- ғайримарказӣ, яъне вақте ки таҷҳизот ба гунаи мисол, дар мошин, вагон ё ҷойи дигар насб карда мешавад.

Бино ба маълумоти ВАО, арзиши насби низоми ба таври автоматӣ муайян кардани голҳо дар як варзишгоҳи Украина 240 ҳазор евроро ташкил додааст. Тирамоҳи соли 2017 дастаи футболи “Краснодар”-и Русия барои насби низоми VAR дар варзишгоҳи худ 208 ҳазор евро сарф кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.